Номаҳо ба президент

ДАР ДЕҲАИ СӮФӢ ОРИФ ҲАР ВАКСИНАРО 10 СОМОНӢ “НАРХ” ГУЗОШТААНД. ОЁ ИН ҚОНУНИСТ?

БА ТАВАҶҶУҲИ ВАЗИРИ ТАНДУРУСТӢ ҶАМОЛИДДИН АБДУЛЛОЗОДА
Як гуруҳи сокинони деҳаи Сӯфӣ Орифи ҷамоати деҳоти Зарҳалоли
шаҳри Истаравшан ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” муроҷиат
карда, хабар доданд, ки дар бунгоҳи тиббӣ (амбулатория)-и деҳаи Сӯфӣ
Ориф бо фармони раҳбараш Раҳмонов Хушбахт барои ҳар ваксинае, ки
ба бадани сокинон мегузаронанд, 10 сомонӣ талаб мекунанд. Яъне агар
аз як оила 5 нафар ваксина бигиранд, бояд ба ҳамшираи тиббӣ Раҳбар
Аҳророва, ки сӯзандоруҳоро бо ваксина ӯ мегузаронад, 50 сомонӣ
бидиҳанд.

“Барои мисол, агар шумо 10 сомонӣ нею 5 сомонӣ диҳед, мегираду
таъкиди дар таъкид мекунад, ки нархаш 10 сомонӣ аст, 5 сомонии
боқимондаашро бояд биоред”, – нақл карданд сокинони Сӯфӣ Ориф.
Сокинон мегӯянд, дар ҳама ҷо мардумро ба гирифтани ваксина даъват
мекунанд ва таъкид мекунанд, ки ваксинаҳо ройгон аст, вале дар
бунгоҳи тиббии деҳаи Сӯфӣ Ориф бо супориши сардухтураш
ваксинаҳоро 10 сомонӣ нарх кардаанд.
Барои ваксина задани аҳолӣ ба Сӯфӣ Ориф ваксинаҳои амрикоии
“Модерна” фиристодаанд. 1,5 миллион мояи ваксинаи “Модерна” рӯзи
26 июл ҳамчун кумаки Амрико ба Тоҷикистон оварда шуд. Ҳамин тавр,
Чин моҳи июн ба Тоҷикистон ба таври ройгон 300 ҳазор ваксинаи
“КоронаВак” дод ва рӯзи 28 июл боз 2 миллион ваксинаи дигари ин
тамғаро ба Тоҷикистон туҳфа кард. Ҳамин тавр, Тоҷикистон аз Созмони
ҷаҳонии тандурустӣ ҳудуди 200 ҳазор ваксинаи “АстраЗенека” гирифт ва
боз садҳо ҳазор ваксинаи дигар ҳамчун кумаки ройгон барои
Тоҷикистон дар роҳанд.
Сокинон мегӯянд, барояшон қобили фаҳм нест, ки агар ваксинаи зидди
коронавирус дар Тоҷикистон ройгон эълон шудааст ва то имрӯз ҳамаи
ваксинаҳои ба кишвар аз хориҷ овардашуда ҳамааш ҳамчун кумак ва
бепул ба Тоҷикистон дода шудаанд, пас 10 сомонӣ нархи он аз куҷо
пайдо шуд? Оё ин ташаббуси шахсии раҳбари бунгоҳи тиббии деҳаи
онҳост ваё дар ҳақиқат дар тамоми Тоҷикистон ваксинаро чунин нарх
мондаанд?
Деҳаи Сӯфӣ Ориф дар тақрибан панҷкилометрии шаҳри Истаравшан
ҷойгир шуда, наздики 8 ҳазор аҳолӣ дорад. Дар Тоҷикистон гирифтани
ваксина барои тамоми сокинони синнашон аз 18 боло ҳатмӣ эълон
шудааст ва дар Сӯфӣ Ориф, ба ин тартиб, бояд қариб 4 ҳазор нафарро
ваксина бизананд. Яъне дар сурати аз ҳар сокин гирифтани 10 сомонӣ,
танҳо аз ҳисоби ваксиназанӣ бунгоҳи тиббии ин деҳа ягон 40 ҳазор
сомонӣ “кор” мекунад. Вале суол ин аст, ки ин пул ба ҷайби давлат

ДАР ДЕҲАИ СӮФӢ ОРИФ ҲАР ВАКСИНАРО 10 СОМОНӢ “НАРХ” ГУЗОШТААНД. ОЁ ИН ҚОНУНИСТ? — Пойгоҳи хабарии «Б…
меравад ваё ба ҷайби касе, ки ин схемаи пулканиро бофта
баровардааст?
Сокинони Сӯфӣ Ориф умедворанд, ки вазорати тандурустӣ ва шахсан
вазир Ҷамолиддин Абдуллозода мӯро дар ин қазия аз хамир ҷудо
мекунанд ва рӯшан мекунанд, ки оё ваксина дар Тоҷикистон бепул аст ё
пулакӣ ва нархаш ҳам – 10 сомонӣ?

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button