Коронавирус

ВАЗОРАТ МАРГИ ҲАТТО СЕ
МАНСАБДОРИ БАЛАНДПОЯРО
“НАДИД”

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 4 август хабар дод, ки даор як
шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 71 ҳолати нави сирояти сокинон ба
коронавируси нави COVID-19 сабт шуда, дар айни замон 79 бемор аз ин
вирус шифо ёфтаанд. Вазорати тандурустӣ мегӯяд, дар як шабонарӯзи
гузашта дар кишвар ягон ҳолати фавти сокинон аз коронавирус сабт
нашудааст. Аз омори расмии вазорат бармеояд, ки феълан дар кишвар
376 нафар аз коронавирус табобат мегиранд.
Вазорати тандурустӣ аз 30 июл, инак 6 рӯз паиҳам шумораи
шифоёфтагонро нисбат ба нав сироятшудагон бештар нишон медиҳад
ва исрор меварзад, ки дар ин 6 рӯз касе дар Тоҷикистон аз коронавирус
ҷон набохтааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button