Коронавирус

ШУМОРАИ НАҶОТЁФТАҲО АЗ
КОРОНАВИРУС БА 15 ҲАЗОР РАСИД

Бино ба омори расмии вазорати тандурустии Тоҷикистон, тайи ду
шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 149 ҳолати нави сироят ба коронавируси
нави COVID-19 сабт шуда, дар айни замон 169 нафар дар ин муддат аз
ин беморӣ шифо ёфтаанд. Вазорати тандурустӣ рӯзи 5 август як ҳолати
марг аз коронавирусро тасдиқ кард, ки ин нахустин қурбонии расман
тасдиқшудаи пандемия дар Тоҷикистон дар моҳи август мебошад.
Вазорат то кунун тайи як ҳафта ҳисобот медод, ки дар ҷумҳурӣ ягон
ҳолати фавти беморон аз коронавирус сабт нашудааст. Аммо дар
матбуот дар бораи аз аввали моҳи август ба иллати гирифторӣ ба
коронавирус фавтидани ҳудуди 10 нафар, аз ҷумла 3 мансабдори
баландпоя хабарҳо нашр шудаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button