Коронавирус

Додгоҳ 12 муҳоҷирро аз Русия барои ширкат дар задухӯрди оммавие дар Митиши ихроҷ кард

Додгоҳи шаҳри Митиши муҳоҷиронро, ки дар занозании оммавӣ рӯзи 6 август ширкат доштанд, муҷозот кардДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Митишии назди Маскав тасмим гирифт, ки 12 муҳоҷири корӣ аз Осиёи Марказиро барои ширкат дар занозании оммавӣ ихроҷ кунад, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

«Бо қарори додгоҳи Митиши (онҳо — таҳрир), тибқи моддаи 18.8 Кодекси маъмурии Федератсияи Русия (» Вайрон кардани низоми будубош дар Федератсияи Русия аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ «) гунаҳкор дониста шуданд», — гуфта мешавад дар қарори додгоҳи Митиши.

Бар асоси ҳукми додрас, ин шаҳрвандони хориҷие, ки барои кор ба Русия омадаанд, ҳамзамон шаш ҳазор рублӣ ҷарима шудаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button