Коронавирус

ДАР ЯК РӮЗИ ОХИР ДАР ТОҶИКИСТОН 68 ҲОЛАТИ НАВИ СИРОЯТ БА КОРОНАВИРУС САБТ ШУДААСТ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 8 август хабар дод, ки давоми
шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 68 ҳолати нави гирифторшавии
шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта
шуда, дар ин муддат 74 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд. Бино ба
омори расмии вазорат, дар як шабонарӯзи охир дар кишвар ягон ҳолати
нави фавти шаҳрвандон аз коронавирус сабт нашудааст. Вазорат аз
аввали моҳи август ҳамагӣ як мавриди фавти шаҳрвандон аз ин вирусро
расман тасдиқ кардаасту халос.
Ин дар ҳолест, ки танҳо давоми рӯзи 8 август аз гӯшаҳои гуногуни
кишвар дар бораи фавти дастикам 3 нафар ба иллати пандемия хабарҳо
ба даст расиданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button