Коронавирус

ГЕНЕРАЛ ФАЙЗУЛЛО АБДУЛЛОЕВ
ҚУРБОНИИ КОРОНАВИРУС ШУД

Генерал-майор Файзулло Абдуллоев, собиқ сардори милитсияи ноҳияи
Рӯдакӣ, собиқ сардори УБОП ва собиқ сардори раёсати Агентии зидди
маводи мухаддир дар вилояти Суғд субҳи 6 август дар синни 68 дар яке
аз беморхонаҳои шаҳри Душанбе вафот кард. Як манбаи огоҳ хабар дод,
ки генерал Абдуллоев чанд рӯзи охир бо коронавирус мубориза
мебурд, вале ба табибон муяссар нашуд, ки ӯро аз марг наҷот диҳанд.
Файзулло Абдуллоев тамоми умр дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи
Тоҷикистон кор карда, ибтидо дар мақомоти милитсия аз муфаттиши
оддии раёсати ҷустуҷӯи ҷиноятӣ то ба мақомҳои баланди сардори
шуъбаи милитсияи ноҳияи Рӯдакӣ ва сардори раёсати мубориза бо
ҷиноятҳои муташаккилона ( УБОП) расид ва сипас дар Агентии зидди
маводи мухаддир муовини раиси ин идора ва баъдан, то баромаданаш
ба нафақа дар соли 2011 сардори раёсати ин агентӣ дар вилояти Суғд
буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button