ВидеоТаърих

“ДАҲМАРДАРО ҚАТӢ ЗАНАШ КУШТЕМ. БАРОИ 5 ХАЛТА ПИСТАЮ 232 БУЗУ ГӮСФАНД…” (ВИДЕО)

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шумораи навбатии ҳафтаномаи
телевизионии “Ахбори ВКД” бархе ҷузъиёти парвандаи Зиёратшо
Хушвақтов, як ҷанговари собиқ аз ноҳияи Панҷро ошкор кард.
Зиёратшо Хушвақтов, ки ба дастикам 5 куштор дар солҳои 90 гумонбар
мешавад, баъди беш аз ду даҳсолаи фирор дар қаламрави Русия дастгир
шуда, рӯзи 5 июн аз Маскав ба Душанбе истирдод шуд.
Хушвақтов Зиёратшо Иззатуллоевич, санаи таваллудаш 15 апрели соли
1978, сокини деҳаи Сафедорони ноҳияи Панҷ, солҳои 1997-1998 дар
ҳайъати як гуруҳи ҷиноии силоҳбадаст ба як силсила ҷиноятҳои сангин,
аз ҷумла ба одамкушӣ, роҳзанӣ, ғоратгарӣ, қасдан несту нобуд кардани
амвол ва дуздӣ даст задааст. Ӯ он вақт ҳамагӣ 20 сол дошт

Зиёратшо Хушвақтов соли 1998 ба хотири халосӣ аз ҷавобгарии ҷиноӣ
ба Русия фирор карда буд ва ҳоло, баъди 23 сол, вақте ба Тоҷикистон
оварда шуд, ки алакай 43 сол дорад ва дар мӯю ришаш сафедӣ кайҳо
реша давондаву дар симояш дигар ҳеҷ осоре аз он ҷавони навхате, ки
соли 1998 пой ба пайроҳаи фирор монда буд, дида намешавад…

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button