ВидеоТаърихФарҳангЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ ҲАБИБУЛЛО ХОЛҶӮРАЕВ – ШОГИРДИ СОДИҚИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ

Ҳабибулло Холҷӯраев, доктори илми таърих, асосгузор ва директори
Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва
маркази илмии “Ғафуровшиносӣ” дар назди Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд дар синни 87 аз олам чашм пӯшид. Холҷӯраев аз шогирдони
содиқи Қаҳрамони Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров буд ва як
умр барои пос доштани номи муаллифи шоҳасари “Тоҷикон” талош
кард.

ДАРГУЗАШТИ ҲАБИБУЛЛО ХОЛҶӮРАЕВ – ШОГИРДИ СОДИҚИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ

Ҳабибулло Холҷӯраев 5 декабри соли 1933 дар деҳаи Исфисори ноҳияи
Хуҷанд) таваллуд шудааст. Баъд аз хатми факултети таърихи Донишкадаи
давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров ӯ дар вазифаҳои
ассистент, муаллими калон ва дотсент дар Университети давлатии
Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, профессори Донишгоҳи аграрии
Тоҷикистон, ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи
давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Ҳабибулло Холҷӯраев яке аз муассисон ва Директори ҳозираи
Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад.
Ин осорхона дар шаҳри Ғафуров соли 1998 таъсис ёфт. Холҷӯраев аз
ҳисоби маблағи хеш осорхонаи шахсӣ барпо намуда дар он гӯшаҳои
“Шахсиятҳои маъруфи кишвар”, “Олимони барҷастаи кишвар”,
“Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлол” ва ғ. кушодааст.

Ҳабибулло Холҷӯраев рисолаи номзадӣ ва докториашро дар риштаи
илми таърих, таҳти роҳбарии академики АИ ИҶШС Бобоҷон Ғафуров
дар шаҳри Москва ба анҷом расонида, дифоъ намудааст. Кашфиётҳои
илмии ӯ ҷанбаҳои гуногуни илмҳои таърихи Осиёи Миёна ва
Тоҷикистон, таърихи ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва
ҳуҷҷатнигориву шарҳиҳолшиносиро дар бар мегиранд. Бо ташаббуси ӯ
дар Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва
маркази илмии “Ғафуровшиносӣ” дар назди ДДХ ба номи академик
Бобоҷон Ғафуров таъсис дода шудааст.
Ҳабибулло Холҷӯраев муаллифи зиёда аз 500 қомусу асар,
монографияҳо ва маҷмӯаҳо, мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ (аз ҷумла
беш аз 50 рисолаҳои илмӣ) мебошад. Таҳти роҳбарии профессор

Ҳабибулло Холҷӯраев зиёда аз 30 нафар аспирантон ва унвонҷӯён
рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя кардаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button