ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонНуқтаи назарТаърих

ПОСУХИ ОЛИМИ ТОҶИК БА МУАРРИХИ ҚИРҒИЗ: ҲЕҶ ЯК ПОРАИ ХОКИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚИРҒИЗҲО НЕСТ

Ахиран муаррихи қирғиз Қиёс Муллоқосимов (Кыяс Молдокасымов)
иддао карда буд, ки чоряки қаламрави Тоҷикистони кунунӣ
сарзаминҳои қирғизист. Ӯ аз ҷумла Мурғобу Лахшро сарзаминҳои аслии
мардуми қирғиз номида, иддао карда гуфт, ки ҳатто Хуҷанд низ моли
онҳост, чунки номи худи ин шаҳр ва манотиқи атрофи он ҳама решаҳои
туркӣ ва қирғизӣ доранд.
Аммо донишманди тоҷик доктори илмҳои забоншиносӣ Нуралӣ Нурзод
дар як посухи муфассал даъвоҳои муаррихи қирғизро бо истинод ба
маъхазҳои таърихӣ ва пажуҳишҳои донишмандони маъруфи ҷаҳонӣ, ба
мисли Бартолд, ва ҳатто бо такя ба “Маҷмуа- ут таворих”, ки
Муллоқосимов низ ҳамчун як далели асосӣ барои исботи даъвоҳояш ба
он истинод мекард, ботил баровардаааст. Нуралӣ Нурзод менависад,
“ҳаргиз номвожаҳои Хуҷанд ва атрофи он қирғизӣ набудаанд.”
Донишманди тоҷик ҳамин тавр, инро, ки “ҳеҷ як порае аз хоки
Тоҷикистон замини қирғизҳо нест”, “ҳақиқати бебаҳс” меномад.

Баҳсҳо бар сари ба кӣ тааллуқ доштани ин ё он сарзамин байни
Тоҷикистону Қирғизистон баъди муноқишаи хунини поёни моҳи апрел
дар марзи ду кишвар, ки 55 кушта ва ҳудуди 240 захмӣ ба ҷо гузошт,
авҷи боз ҳам бештар гирифтааст.

ҲАҚИҚАТИ БЕБАҲС-2: ҲЕҶ ЯК ПОРАЕ АЗ ХОКИ ТОҶИКИСТОН
ЗАМИНИ ҚИРҒИЗҲО НЕСТ: ҲАРГИЗ НОМВОЖАҲОИ ХУҶАНД ВА
АТРОФИ ОН ҚИРҒИЗӢ НАБУДААНД

Чанде қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ мақолаи нафаре бо номи Кыяс
Молдокасымов: «Четверть территории Таджикистана составляют
кыргызские земли» ба нашр расид.
Дар назари аввал аз унвонаш маълум аст, ки ӯ мехоҳад даъвоҳои
беасосе ба миён гузошта, ғаразҳои хешро ҳақиқат нишон диҳад. Аслан
ҷои баҳс ҳам набуд, чун бештари ҳарфҳои дар матлаб омода даъвоҳои
беасосе буда, тамоми муҳаққиқону муаррихони олам медонанд ва
борҳо ба қидмати таърихии тоҷикону Тоҷикистон гуфтанду мегӯянд ва
хоҳанд гуфт. Ин ки ӯ даъво дорад, ки аз чор ҳиссаи хоки Тоҷикистон мансуби қирғизҳост, ҳвоқеан на асоси илмӣ дораду на ҳақиқати сиёсӣ.
Вале истиноди муаллиф ба китобе зери унвони «Маҷмуа- ут таворих»
моро дар тааҷҷуб гузошт, то ба ҷустуҷӯи нусхаҳои хаттии аслии он, ки
ба забони форсӣ иншо шудааст, афтода, сарчашмаи андешаҳои
муаллифи мақоларо дақиқ намоем. Мавсуф танҳо аз ин китоб ном
бурда, замони таълифи онро таъкид мекунад, аммо ишорате аз
муаллифи он надорад. Дар натиҷаи ҷустуҷӯҳо муқаррар шуд, ки асари
мазкур ба қалами Мулло Сайфуддини ибни шоҳ Аббоси Ахсикатӣ
тааллуқ дошта, бо сабаби марги падар баъдан давомашро писари ӯ
Нурмуҳаммад иншо кардааст. Аз ин асар танҳо ду нусхаи хаттӣ дар
Шаҳри Санкт- петербурги ФР бо шумораи 667, яке аз шӯъбаи Институти
халқҳои Осиёи АИ ИЉШС ва дигаре шуъбаи ховаршиносии китобхонаи
Донишгоҳи давлатии ҳамин шаҳр бо шумораи 963 маҳфузанд.
Ховаршиносон муқаррар намудаанд, ки китобати ҳар ду нусха дар асри
ХIХ анҷом шуда, нусхаи 963-ро матншинос А. Т. Тоҳирҷонов бо
муқаддима ва тавзеҳот дар соли 1960 ба таври факсималӣ нашр
намудааст. Ҳамин нашри анҷомдодаи донишманди мазкур ва нусхаи
дувум низ дастрас шуда, инчунин як тарҷумаи русии анҷомдодаи В.А.
Ромодин дар соли 1963 дар Ленинград пайдо гардид, то бар асоси
мутолеаи нусхаҳои хаттӣ ва матни тарҷумашудаи он бархе аснод ва
даъвоҳои дар мақолаи мавриди баҳс омадаро мавриди мутолеа ва
санҷиш қарор диҳем. Аз ҷумла, нахуст барои баррасии ин даъво, ки
навиштааст: «Не будем ходить далеко, вот, они говорят, что в XVII – XVIII
веках веке это были таджикские землями, но еще в сочинении XVI века
«Маджму ат-Таварих» земли вокруг нынешнего Худжанда с той
стороны, с этой — земли Мургаба, Джергетала обозначены как
кыргызские». бар асоси матни аслии китоб,ки дар забони форсӣ
навишта шудааст, руҷӯъ мекунем, ки чунин унвон дорад: «Фасл дар
баёни омадани ғузон ба Ўзканд ва тобеъ шудани онҳо ба Султон
Санҷар» .
Ин матн аз рӯи нусхаи хаттии китоб, ки дар ихтиёри мост, баргардон
шудааст.

Рашидулҳақ ғузонро гирифта, равон шуданд. Чанд рӯз зер карда
манзилу манозил қатъ карда, дар Узканд расида, ба кӯҳи Узканд қарор
гирифтанд. Ба Ўзканд Султон Санҷар ҳоким буд.Рашидулҳақ ба омада ба
Султон Санҷар тобеъ шуд. Ѓузон чанд вақт истиқомат карданд. Ѓузон

ПОСУХИ ОЛИМИ ТОҶИК БА МУАРРИХИ ҚИРҒИЗ: ҲЕҶ ЯК ПОРАИ ХОКИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚИРҒИЗҲО НЕСТ
https://www.bomdod.com/2021/06/06/posuhi-olimi-tojik-ba-muarrihi-qirghiz-hej-jak-porai-hoki-tojikiston-az-qirghizho-nest/ 4/26 зану фарзанд карданд. Султон Санҷар закоти ғузонро гирифт. Ўзканд
шаҳри калон буд ва дувоздаҳ дарвоза дошт аз ҳар дарвоза сад харе сиёҳ
мебаромад. Ѓузон чаҳор сол закот доданд. Баъд аз чаҳор сол,одами
Султон Санҷарро куштанд. Ду кас гурехта омада ба Султон Санҷар
гуфтанд. Султон Санҷар шунида дар ғазаб шуд, бар болои ғузон лашкар
карда рафт. Се рӯзу забона ҷанг карда ба ҳама ғузонро қатли ом кард.
Аз ғузон чиҳил ғуз гурехт. Султон Санҷар гуфт. Аз ғузон ҳеҷ кас ҳаст.
Одамони Султон Санҷар чиҳил ғуз гурехт, гуфтанд. Аз ҳамин сабаб ба
форсӣ чиҳил ғуз ва ба туркӣ қирқ ғуз шуда монд. Ќирқ ғузон гурехта ба
кӯҳи Хуҷанд омаданд, ҳамин ҷо истиқомат карданд. Ќирқғизон аз насли
чиҳил ғузанд. Баъд аз он Аҳмадбеки муғул ба Хуҷанд омада, даромада
тобеи Хуҷанд шуд. То омадани Саид Иброҳим Султон Малики Зарбахш
(дар нусхаи дигар Зарбахши Валӣ – Н.Н.) ба кӯҳи Хуҷанд истиқомат
карданд.. (5, 18, а 18 б)

Яке аз мутарҷимони русии ин китоб В.А. Ромодин фишурдаи матлаби
мазкурро дар забони русӣ чунин анҷом додааст: “По этой причине
стали называт по персидски (фарси) – «чихел гыз», по тюрски кыркгиз (сорок гузов).
Сорок гузов бежали и прибыли в Худжандские горы (букв. «на гору
Худжанда»), в этом месте стали жит. Кырк гызан происходит от сорока
гузов»
После этого приехал Ахмад-бек Могол (9), вступил в Хужданд,
подвластным Худжандом стал. (?). Вплоть до прибытия Саийида
Ибрахима Султана Малика Заранджиша [потомки сорока гузов] жыли
в горах Худжанда. (3,9)
Аз ин нигоштаи муаллифи “Маҷмуат- ут таворих” чанд нукта равшан
мешавад. Дар навбати аввал маълум аст, ки шаҳри Узканд аз ду вожа,
яъне таркиби аввал “уз”-и туркӣ ва дувум “кат” ё “канд”-и форсӣ ё
калимаи маъруфи қадимаи суғдӣ дар таркиби ҷойномҳо иборат аст ва
мусаллам аст, ки то замони Сомониён дар аз ҷумлаи қадимтарин
шаҳрҳои суғдзамин буда, пас аз тасарруф аз сӯи қарахониёни турк ин
номро ба худ гирифтааст ва маънавии «шаҳри мо»-ро дорад. Ҳатто дар
ҳамин шеваи номгузорӣ эҳсос мешавад, ки шаҳр аз сӯи бегонагон
тасарруф шуда, мутобиқ ба табиат ва хӯи ғосибона ба он унвон дода
шудааст. Матлаби дувум он аст, ки агар ҳамин устураро дар бораи
пайдоиши қавми қирғиз бипазирем, ҳамоно табиати ҷангхоҳонаи онон кӯшиш барои ғасби заминҳои беганагон ошкор аст, чун гузаштагони
ин халқ замоне дар Олтою Тяншон истиқомат дода, марҳила ба марҳила
тавассути ҷангу ҷидол ба самти Осиёи Миёна ҳаракат кардаанд.
Муаллифи ин сарчашма худ эътироф кардааст, ки онҳо ба шаҳри Узканд,
ки айни замон дар ҳудуди Ќирғизистон ҷойгир аст, аввал ҳамчун
муҳоҷир дар кӯҳсори он ҷой гирифта, баъдан тобеъ шуда, ҳатто закот
доданд. Ҳатто унвони фасли мазкури китоб “Фасл дар баёни омадани
ғузон ба Ўзканд ва тобеъ шудани онҳо ба Султон Санҷар” аст, ки аз
ақвоми таҳҷоӣ дар ин минтақа набудани ононро собит мекунад.
Дар матни китоб омадааст, ки дар тобеияти Султон Санҷар қарор
гирифта, ба ӯ хиёнат ва одамашро куштанд. Дар натиҷа гурехта дар
кӯҳҳои Хуҷанд паноҳ бурданд. Ҳатто вориди Хуҷанд нашудаанд. Вуруди
муғулон ба Хуҷандро, ки дар матни китоб ба номи Аҳмадбеки муғул
ишорат ба он шудааст, ба худ нисбат медиҳанд, ки ҳеҷ воқеияти таърихӣ
надорад.
Ба гумонам, Ќиёс Молдоқосимов умуман ба матни аслии китоб дастрасӣ
надошта, аз рӯи чанд шунидаҳо ё тарҷумаҳои таҳрифшудаи он ба
забонҳои дигар ҳарф задааст. Шояд ҳатто ӯ тарҷумаҳои ба забони
қирғизӣ анҷомшудаи ин сарчашмаи ба қавли худаш муътабарро ҳам
нахондааст. Ин ҷо ҳеҷ сухане дар бораи ҳатто наздик шудан ё
даромадани Ќирқғузҳо (чиҳил ғузон) ба Хуҷанд (агар ин фарзияро
шартан қабул кунем, ки ғузон гузаштагони Ќирғизон ҳастанд) мавҷуд
нест, балки сухан дар бораи дар кӯҳҳои Хуҷанд паноҳ ёфтану пинҳон
шудани чиҳил нафар ғузон меравад. Афроде, ки худ дар куҳсорони
Хуҷанд паноҳгоҳ ҷустаанду ҷое надоранд бираванд ва муддате аз ғорҳо
берун набаромадаанд, чи гуна метавонанд ба пиндори хоми ин олими
қирғиз шаҳрро соҳибӣ кунанд.

Тамоми сарчашмаҳо шаҳодат медиҳанд, ки дар ҳеҷ як номҳои ҷуғрофии
шаҳри Хуҷанд ва атрофи он вожаҳои ба истилоҳи забоншиносӣ ҳатто
пасвандуфонемаи қирғизӣ дида намешаванд ва агар яке пайдо шуда
буд, онҳо ҳам пас аз анҷоми табартақсими марзии соли 1924 сурат
гирифта, ки ҳоло ба ин мавзӯъ руҷуъ мешавад. Унвонҳое, ки олим зикр
мекунад, танҳо сохтаҳо ва тарҷумаҳои қирғизии номҳои мавҷуд дар
минтақа ҳастанд, ки онҳоро ба ҷуз худи онҳо ҳеҷ кас бо чунин ном
намешиносад. Масалан, мавзеи маъруфи «Хоҷа Боқирғон»-ро ҳеҷ кас
ба ҷуз худи қирғизро бо шакли «Кожо Бакырган» ёд намекунад.

Бори дигар мехоҳам назари В.В.Бартольдро, ки дар бораи ин
марзбандии табартақсим ҳанӯз қабл аз он гуфта буд, ёдовар шавад, ки
аз ба эътибор нагирифтани мавқеи тоҷикон дар Осиёи Миёна бо
таассуф навишта буд: «Вақте соли 1920 Конститутсияи Ҷумҳурии
Туркистон тасдиқ карда шуд, он гоҳ қавмҳои асосӣ ё решагии минтақа
қирғизҳо, ӯзбекон ва туркманҳо дониста шуда, ҷойгоҳи тоҷикон
фаромӯш шуд” «Когда в 1920 году была утверждена Конституция
Республики Туркестан, тогда коренными племенами региона были
признаны киргизы, узбеки и туркмены, таджики были вовсе забыты»..
Дар канори ин, ҳанӯз аз аввалин рӯзҳои баргузории ин тақсимот буд, ки
аксари донишмандони рус аввалин шуда онро эътироф накарданд, ки
ба таъкиди худи устод Раҳим Масов ибораи табартақсимро нисбати ин
тақсимот бори аввал яке аз олимони рус Зелинский ҳамон сол истифода
кардааст. Роҷеъ ба он ки чаро намояндаи тоҷиконро дар ин тақсимот
ширкат накард ва ҳатто ҳузури донишманди муаррих ва
ховаршиносонро ба ҷаласаи он иҷозат надоданд ва муаммоҳои дигаре,
ки заминаҳои даъвои қирғизонро барои имрӯз ҳамвор кардааст, дар ин
ду асари арзишманди профессор Раҳим Масов мустанад ва бо манзури
ҳуҷҷатҳои бойгонии тасдиқкунандаи таҳрифкориҳо дар ин ҷаласот баён
шудаанд, ки намехоҳам дубора такрор кунам, чун ин осор дар фазои
маҷозӣ чой доранд. Ҳатто устод Лоиқ Шералӣ бо як ҳиссиёти баланд ва
таассуре, ки ҳузни фаровонеро дар вуҷудаш аз ин иштибоҳи таърихӣ
эҷод шудааст, боз ҳам дар пешгуфтори ҳамин китоби «донишманди
шеърҷигар»-и тоҷик Раҳим Масов чунин менависад: «Бештар аз ин, аз
ҳайати кумиссиюни марзбандӣ донишмандони бузурги таърихи Осиёи
Марказй В.В.Бартолд, С.Айнй, М.С.Андреев, А.А.Семёнов барканор карда
мешаванд, то парда аз руи ҳақиқат набардоранд». (6,8)

Аммо ман ҳам мехоҳам ба шеваи худи ӯ ба чанд суоле, ки баъд аз
мутолеаи ин мақола ва навиштаҳои дигари ҳаммазмун ба он дар фазои
маҷозӣ пайдо шуд, аз тарафи ҳамин даъвогарон посухҳое пайдо кунам:

Чаро бо он ҳама тақсимоти анҷомшуда чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз
бештари ховаршиносони олам, мисли В.В. Бартолд, Ричард Фрай, Ричард
Фолс, А. П. Шишов, Б. Ғафуров ва дигарон вақте роҷеъ ба таърихи
мардумони Осиёи Марказӣ китоб ё мақолот менависанд, бештар
унвони осори хешро ба номи тоҷикон мегузоранд, ё мақоми ин миллат
ва мардумро бо такя бар сарчашмаҳои таърихӣ дар ин сарзамин
авлавият бахшидаанд?
Чаро Ричард Фрай гуфтааст: «Агар зарурати тарҷумаи англисии ягон
асари руси доир ба мавзӯи Осиёи Марказӣ пеш ояд, бешак он
«Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров аст”.
Чаро ҳатто роҳбари намояндагии қирғизҳо дар ҷаласаи тақсимоти
миллӣ- ҳудудӣ аз мавқеи таърихии тоҷикон дар Осиёи миёна ҳимоят
мекунад, на аз дигарон….
Чаро агар асари таърихии «Маҷмуат ут-таворих» бароятон сарчашмаи
муътабари таърихӣ аст, ба забони форсӣ навишта шуда, на ба забони
қирғизӣ? Оё дар он замон забоне бо номи қирғизӣ вуҷуд дошта, ки
номвожаҳои ҷуғрофиро ифода кунад?

Вақте ба харитаи сиёсии давлати Сомониён, ки аз қаъри ҳазору саду анд
соли таърих бурун омадаву ҳақиқати гузаштаро таҷассум мекунад, назар
афканда, бештари ин марзҳои ҷуғрофиро, ки ба онҳо дигарон даст
меёзанд, љилвагар мебинем, бидуни интизорӣ аз онҳо худ аз худ посухе
ба ин чароҳо меёбем. Тоҷикон воқеан меросбари аслии Сомониён дар
минтақаи Осиёи Марказӣ ҳастанд ва то кунун беҳтарин суннату оинҳои
давлатдории миллии хешро идома дода, ҳусни олии фарҳанги
ҳамсоядорӣ, адолати таърихӣ, мактаби меросбарӣ аз тамаддуни миллии
хешро риоят карда омадаанд ва имрӯзу фардо низ давом медиҳанд.
Ҳақиқати таърихро бо чашми басират мешиносанд ва эҳсос мекунанд,
ки ҳоло ҳеҷ ниёзе ба таърихсозиву таърихофарӣ ва таҳрифи гузашта
нест, чун дигарон дар ин бора аллакай гуфтаанду мегӯянд, мо чаро
офтобро ба такрор бигӯем, ки ин офтоб аст…
Нуралӣ Нурзод,
доктори илмҳои филологӣ,
Руйхати адабиёти истифодашуда

  1. Акеров Табылды Абдраманович, «Маджму ат-Таварих» как
    исторический источник (Полный перевод, анализ и комментарии)». –
    Бишкек: 2017. – 348 с.
  2. Записки Восточного Отделения Русского Археологического Общества.
    Том ХII, 1899 г. СП б, 1900. Стр. VI. (Заседание 11 марта 1899 года).
  3. Извлечение из «Маджму ат-таварих». Перевод, введение и
    комментравии В.А Ромодина. Ленинград, 1963.
  4. Клавихо, Гонсалес. «Рӯзномаи сафар ба Самарқанд» . Тарҷумаи Ислом
    Юсуфӣ: Душанбе: Эр-граф,2016.
  5. Собрание истории. Маджму ат- таварих. Фотографическая
    репродукция отрывок текста, введение, указатели. Подготовил к
    изданию А. Т. Тагиржанов.Издательство Ленинградского университета.
    1960 г. 200 с.
  6. Масов Р. Таджики: История с грифом «совершенно секретно». –
    Душанбе: Пайванд, 2014.- 212 с.
  7. Нусхаи дастнависи «Маҷмуат – ут -таворих» аз хазинаи нусхаҳои
    хаттии Институти забон, адабиёт ва шарқшиносии АИ ИҶШС,. Таҳти
    шумораи №277 .123 стр.
  8. Ҳасанзода Абдуҷамол. Андар маънии вожаи Хуҷанд. / Хваканта.
    Хуҷанд. Мураттиб Саидумрон Саидов. -Хуҷанд: Ношир, 2016. – саҳ. 362-
    370.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button