Коррупсия

ПУЛҲОИ БАРОИ ОБОДОНӢ ҶУДОКАРДАИ УМАР КРЕМЛЁВ “ҲАЛЛУ ВАЛ” ШУД? ТАСАРРУФИ ПУЛҲОИ БАРОИ ТАЪМИРИ РОҲҲОИ ШАҲРИНАВ ҶУДОШУДА

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 18 июни соли 2024 аз ошкор шудани як ҳолати тасарруфи маблағҳои буҷетӣ дар ҷараёни таъмири роҳҳои автомобилгарди ҳудуди ноҳияи Шаҳринав хабар дод.

Қаблан гузориш шуда буд, ки президенти Ассотсиатсияи байналмилалии БОКС (IBA) Умар Кремлёв, ки падараш аз дараи Алмосии Ҳисор буда, чанд соли давраи кӯдакиаш дар Шаҳринав гузаштааст, ба хотири саҳм гузоштан дар ободонии ватани падариаш барои таъмиру тармими 12 километр роҳи марказӣ ва 6 километр роҳҳои маҳаллии ноҳияи Шаҳринав ва 12 километр роҳи дараи Алмосӣ маблағ ҷудо карда, азми дар Шаҳринав сохтани як кӯдакистони дуқабата ва як мактаби бокс дар Ҳисорро низ дар сар дорад.

Агентии мубориза бо коррупсия гуфт, санҷиши молиявию хоҷагидории фаъолияти муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Шаҳринав нишон додааст, ки ин муассиса санаи 31 июли соли 2023 дар озмуни тендерӣ ҷиҳати таъмири болопӯши роҳҳои автомобилгарди кӯчаҳои А.Сангин, А. Сараев ва И.Ҳокимзодаи ноҳияи Шаҳринав иштирок намуда, бо пешниҳоди маблағи 919 ҳазору 363 сомонӣ ғолиби озмун эътироф гардидааст. Баъди ин ба суратҳисоби корхона давра ба давра барои иҷрои лоиҳа аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 919 ҳазору 363 сомонӣ интиқол дода шудааст.

Аммо, менависад, маркази матбуоти Агентӣ, “дар ин муддат, сардори муассиса – Хоҷаев Қ.Б. қасди ба даст овардани даромади муфтро бо роҳи азонихудкунӣ назди худ пеша намуда, баъди ба ихтиёрдории худ қабул кардани маблағҳои буҷетӣ аз моҳи августи соли 2023 то моҳи январи соли 2024 бо истифода аз ваколати мансабдорӣ зимни иҷроиши корҳои таъмирӣ ҳаҷми корҳои иҷрошударо вобаста ба иншооти болозикр нисбат ба корҳои дар асл иҷрогардида барзиёд нишон дода, бо роҳи сохтакории санадҳои иҷроиши кор  дар маҷмӯъ маблағи 144 ҳазору 354 сомониро бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф карда, ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намуд”.

Дар робита ба ҳолати мазкур нисбат ба Хоҷаев Қ.Б. бо моддаҳои 245, қисми 4 банд “б” ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иттиҳоми тасарруфи маблағҳои давлатӣ ва сохтакории хидматӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтишоти пешакӣ барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол гардид.  Худи Хоҷаев Қ.Б. ё адвокат ваё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд.

Ба ӯ барои сохтакорӣ ҳамчун ҷазо аз ҷарима то 2 соли зиндон ва барои тасарруфи маблағҳо ҷарима ваё аз 10 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Сохтмону тармими роҳҳо яке аз арсаҳои фасодзада дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Ошкор кардани коррупсия дар ин соҳа хеле мушкил аст, чунки ҳама чизе, ки сарф ё дуздӣ шуд, ҷобаҷо зери қабати ғафс ё тунуки асфалт мемонад.

Аммо дар ин қазия бадии кор дар он аст, ки чунин дуздиҳо соҳибкорону сармоядоронеро, ки мехоҳанд дар рушди диёри худ саҳм бигиранд, метавонанд аз ин кор дилсард ва мунҳариф кунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button