ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистҶомеа

МОШИНИ “ЁРИИ ТАЪҶИЛӢ”-РО ДАР БЕМОРХОНАИ ДУШАНБЕ БА “ТАКСИ” ТАБДИЛ ДОДААНД (ВИДЕО)

Як зан рӯзи 18 июни соли 2024 бо нашри як навори видеоӣ шикоят кард, ки дар беморхона ба қаламрави ин муассиса даромадани мошинҳоро манъ кардаанд ва як мошини “Ёрии таъҷилӣ” ба худ нақши “такси” гирифта, беморон ва корафтодагонро дар иваз пул то дари бинои лозимашон бурда мерасонад. “Бубинед, халқро чӣ хел масхара карда истодаанд!?” – мегӯяд ин зан.

Муаллифи видео дар куҷо рух додани ин корро нагуфтааст, вале даромадгоҳи муассиса ба бемористони машҳури “Якум Советский” дар шаҳри Душанбе шабоҳат дорад.

Бисёриҳо дар зери ин видео ҳамчун “такси” истифода бурдани мошини “Ёрии таъҷилӣ”-ро ба боди танқиду ҳатто ба масхара кашидаанд. Корбарон навиштаанд, ки аксари ин мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ”-ро кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ҳамчун кумаки билоиваз туҳфа кардаанд, вале бо ин умед, ки онҳо барои кумак ба беморон истифода мешаванд, на барои онки кадом корчалоне ин мошинҳоро ба “такси” табдил дода, барои худ асбоби тиҷорат ва манбаи даромад ҷӯр бикунад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ки умури муассисаҳои тиббии ҷумҳуриро дар даст дорад, то кунун ба ин навор вокуниш накардааст.

Қаблан дар бораи пулакӣ кардани лифтҳо дар беморхонаҳои Тоҷикистон шикоятҳо ба даст мерасид ва корафтодагон мегуфтанд, ки лифтҳоро ба “маршрутка” табдил дода, барои боло бурдан ё поён фаровардани корафтодагон, ҳатто беморон пул мегиранд ва ҳатто як нафарро дар лифт ҳамчун “пулчинак” гузоштаанд, ки вазифааш ҷамъоварии “роҳкиро” аст.

Ҳамин тавр, маъмурияти бархе бемористонҳо ба дохил даромадани васоили нақлиётиро манъ кардаанд, ки низ ба вокуниши манфии сокинон рӯбарӯ шуд. Вале масъулон гуфтанд, ки бисёре аз ронандагон мошинҳои худро на дар таваққуфгоҳҳои махсус, балки дар ҳар куҷое ки рост омад, мегузоранд ва ин боиси эҷоди мушкил барои ҳаракати мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ” ва интиқоли беморони вазнин мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button