Дин ва боварҳоТОҶИКИСТОНҲуқуқи инсон

МАҶЛИСИ МИЛЛӢ ҚОНУНИ БАҲСБАРАНГЕЗИ МАНЪИ ҲИҶОБУ МАНЪИ ИДГАРДАКРО ҚАБУЛ КАРД

Сомонаи расмии Маҷлиси миллӣ хабар дод, ки палатаи болоии парлумони Тоҷикистон рӯзи 19 июни соли 2024 дар иҷлосияи 18-умаш дар қатори беш аз 30 қонуни дигар қонуни баҳсбарангези танзими ҷашну маросимро низ пазируфт. Бар асоси таҳрири нави ин қонун, ки акнун барои имзо ба раисиҷумҳур ирсол мешавад, идгардаки кӯдакон дар идҳои мусалмонии Рамазон ва Қурбон ва ҳамчунин воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои “ба фарҳанги миллӣ бегона”, инчунин, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо манъ карда мешавад. Мақомоти Тоҷикистон зери ибораи “либоси ба фарҳанги миллӣ бегона” асосан ҳиҷобро дар назар доранд ва ин далел, бисёриҳо таҳрири нави қонуни танзимро ҳамчун қонуни манъи ҳиҷоб ва манъи идгардак ном додаанд.

Дар ҷомиа умедвор буданд, ки баъди вокунишҳои манфие, ки қабули ин қонун аз сӯи Маҷлиси намояндагон ва мавҷи нави рейдҳо ба зидди занону духтарони ҳиҷобпӯш ба бор овард ва ҳатто миқёси байналмилалӣ касб кард, Маҷлиси миллӣ ин қонуни ҷанҷолбарангезро пас мегардонад.

Аммо бино ба иттилоияи расмӣ, “тибқи рӯзнома аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ қонунҳои ҶТ «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар ҶТ», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» ва «Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо»-ро, ки дар шакли мукаммал дар таҳрири нав қабул карда шудаанд, баррасӣ ва онҳоро ҷонибдорӣ намуданд.”

Дар ин бора тафсилоти дигаре дода нашудааст ва маълум нест, ки оё байни вакилон пиромуни манъи ҳиҷоб ва идгардак ягон баҳсу баррасӣ ё мубодилаи афкор сурат гирифтааст ё на?

Маҷлиси миллӣ рӯзи 19 июн ҳамчунин беш аз 30 қонуни дигар, аз ҷумла тағйирот ба Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, қонунҳо «Дар бораи чарогоҳ», « «Дар бораи маориф», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»,  «Дар бораи фаъолияти бонки исломӣ», «Дар бораи ангишт», «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», қонуни сарҳади давлатӣ ва чандин қонуни дигарро қабул карда, аз ваз кардани номи баъзе мавзеъҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва ноҳияҳои Варзоб ва Файзобод ҷонибдорӣ кардааст.

Ду қонуни асосие, ки вакилони Маҷлиси миллӣ бояд баррасӣ кард, якеаш қонуни масъулияти падару модар ва дигарӣ қонуни танзими ҷашну маросим буд. Тағйироти асосӣ дар қонуни масъулияти падару модар ин бардошта шудани падару модар ҳамчун масъули ягона дар таълиму тарбияи фарзанд аст. Ҳангоми муаррифии тарҳи нави қонун дар Маҷлиси намояндагон  вазири маориф гуфт, азбаски аксари падару модарон барои муддати тӯлонӣ ба муҳоҷирати корӣ мераванд ва тарбияи фарзандони худро ба хешовандони дигари худ, аз ҷумла ба бобою бибӣ, холаву тағо ё амаку аммаҳои фарзандонашон вогузор мекунанд, тасмим ин шуд, ки нафақат падару модар, балки дигар саробону парасторҳои кӯдакро низ барои хунукназарӣ дар таълиму тарбияи кӯдак ба ҷавобгарӣ бикашонанд. Дар ҳоли ҳозир, бар асоси моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хунукназарӣ дар тарбияи кӯдакон ҷарима ба андозаи аз 3 то 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне ба маблағи аз 216 то 360 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Аммо тарҳи аз ҳама ҷанҷолбарангезе, ки вакилони Маҷлиси миллӣ баррасӣ ва ҷонибдорӣ кард, тағйирот ба қонуни танзими ҷашну маросим буд, ки ду тағйироти умдааш яке манъи идгардаки кӯдакон аст, ки дар ҷомиаи Тоҷикистон вокунишҳои зиёду асосан манфӣ ба бор овард. Аммо тағйироти дуюми умда дар ин қонун, ки ҳамчун манъи ҳиҷоб ном баровард, нафақат дар дохил, балки дар берун аз Тоҷикистон низ ба мавҷи вокунишҳои маҳкумкунанда рӯбарӯ шуд ва аз ҷумла дар Туркияву Афғонистон бархе рӯҳониён хутбаи намози ҷумъаро ба ҳамин мавзӯъ бахшида, аз амалкарди мақомоти Тоҷикистон бо лаҳни тунд интиқод карданд.

Чанд рӯҳонии соҳибминбари афғон, аз ҷумла Аҳмад Фирӯз Аҳмадӣ ва Абдулқадири Ҳомӣ  дар мавъизаҳои худ ҳатто эълон карданд, ки агар ҳукумати Тоҷикистон аз манъи ҳиҷоб даст набардорад, ҷиҳод алайҳи он барои ҳама фарз мешавад. Абдулҳамид Хуросонӣ, як фармондеҳи тарафдори Толибон аз миёни тоҷикони Панҷшер низ баъди шурӯи рейдҳои зидди ҳиҷоб дар Тоҷикистон таҳдид ба оғози “ҷиҳод” ба зидди ҳукумати Тоҷикистон кард.

Ин даъватҳо ба ҷиҳод ба зидди ҳукумати Тоҷикистон як маъракаи густардаи таблиғотӣ дар дохили Тоҷикистонро бо иштироки рӯҳониён ва артиши бузурги “фермаи ҷавоб” дар пай дошт.

Чанд рӯҳонии шинохтаи тоҷик, аз ҷумла Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов, домулло Абдураҳими Қазоқонӣ ва домулло Суҳбатуллоҳ дар видеоҳояшон бо тақрибан айни мазмун ҳаққи рӯҳониёни афғон барои додани фатвои ҷиҳод ба зидди ҳукумати Тоҷикистонро ба чолиш кашида, ба мазаммати онҳо пардохтанд, ки чаро ба зидди ливотагарӣ ё қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон эълони ҷиҳод намекунанд? Дар ҷараёни ин маъракаи таблиғотӣ ҳамчунин ба мардум талқин мекарданд, ки дар фаҳмиши тарҳи нави қонуни танзим сӯитафоҳум шудааст ва гӯё манзури мақомот аз манъи либоси “ба фарҳанги миллӣ бегона” манъи ҳиҷоб набуд, балки танҳо либосҳои арабиву туркиеро дар назар доштаанд.

Аммо бар асоси тағйироте, ки Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Кумитаи дин рӯзи 9 майи соли 2024 қабул кард, воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои “ба фарҳанги миллӣ бегона”, инчунин, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо манъ карда мешавад.

Мояи дигари норозигиҳо ин шуд, ки ҳанӯз ин қонун ба иҷро надаромада, дар идораҳои давлатӣ, аз ҷумла дар бемористонҳо гуруҳҳои махсус ташкил шуданд, ки дар пеши дари ин муассисаҳо истода, занону духтарони ҳиҷобпӯшро маҷбур мекарданд, ки аввали ҳиҷоби худро аз сар кашида, ба шакли “тоҷикӣ”, яъне ба тарафи қафо бубанданд ва баъд дароянд. Занону духтарони ҳиҷобпӯшро ҳатто тарс медоданд, ки барои пӯшидани ҳиҷоб гӯё 3500 сомонӣ ҷарима муқаррар карда шудааст.

Баъди вокунишҳои шадид ва даъватҳо ба ҷиҳод рейдҳои зидди ҳиҷоб дар Тоҷикистон зоҳиран сусттар шуд. Бархе таҳлилгарон худи ин пешниҳоди манъи либоси “ба фарҳанги миллӣ бегона”-ро, ки дар ҷомиа ҳамчун манъи ҳиҷоб қабул шуд, авантюра ва ҳатто “подстава”, яъне дар як шароити ногувор қарор додани ҳукумат номида, умед доштанд, ки афроди солимақл дар дохили ҳукумат пеши роҳи ин фитнаро гирифта, ин қонуни баҳсбарангезро ҳанӯз қабул ношуда, бекор мекунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button