Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

ДАР 3 РӮЗИ ОХИР ДАР ТОҶИКИСТОН ДАСТИКАМ 4 КӮДАКУ НАВРАС ҒАРҚ ШУДААНД

Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки наҷотбахшони ин ниҳод ҷасади як навраси ғарқшударо аз кӯли Комсомоли шаҳри Норак берун овардаанд.

Бино ба иттилои ин ниҳод, нимаи дуюми рӯзи 18 июни соли 2024, соати 17:40 ба қисми навбатдории хадамоти наҷотдиҳӣ, мустақар дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон занг зада, хабар додаанд, ки дар кӯли Комсомоли шаҳри Норак як наврас ғарқ шудааст. Наҷотбахшон ба ҷои ҳодиса расида, маълум кардаанд, ки як сокини 16-солаи ҷамоати ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара, ки ҳамроҳи аҳли хонаводааш барои истироҳат омада буд, ҳангоми оббозӣ аз беэҳтиётӣ ғарқ шудааст. Наҷотбахшон ҳамроҳ бо ғаввосони нирӯгоҳи Норак дар натиҷаи корҳои ҷустуҷӯӣ соати 19:10 ҷасади наврасро пайдо карда, ба корманди милитсия супурдаанд.

Қаблан маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар рӯзҳои истироҳати ахир (16 ва 17 июни соли 2024) дар Тоҷикистон се кӯдак дар обҳо ғарқ шуданд. Хурдтарини онҳо, агар умр вафояш мекард, моҳи ноябри соли ҷорӣ 2-сола мешуд.

Чунончӣ, 16 июни соли 2024, тахминан соати 13:20, як сокини 10-солаи деҳаи Худгифи ҷамоати деҳоти Иван Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ҳангоми оббозӣ дар канали обёрии деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод ғарқ шуд. Баъди дарёфти маълумот корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷот оғоз гардида, ҷасади писарбача пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд.

Ҳодисаи дувум низ дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд рух дод. 16 июни соли 2024, соати 17:40 як сокини 15-солаи хоҷагии деҳқонии ба номи Фирдавсии деҳаи Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ ҳангоми оббозӣ дар канали “Тоҷикистон” ғарқ шуд.

Пас аз гирифтани маълумот наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуданд. Соати 19:10 ҷасади наврасро пайдо карда, ба мақомоти дахлдор супурданд.

Ҳодисаи сеюм дар ноҳияи Лахш ба қайд гирифта шудааст. Фоҷиа субҳи барвақти 17 июни соли 2024, тахминан соати 05:00 рух додааст. Сокини дусолаи деҳаи Балхаки ҷамоати деҳоти Нурафшони ноҳияи Лахш ба ҷӯйборе, ки аз паси хона мегузарад, афтида, ғарқ шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, сабаби аслии ба вуқӯъ омадани фоҷеаҳо оббозӣ дар ҷойҳои мамнӯъ, риоя накардан ё надонистани қоидаҳои шиноварӣ ва беназоратии волидон мебошад.  

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз шаҳрвандон хостааст, ки қоидаҳои бехатариро дар лаби об қатхиян риоя кунанд: фақат дар маконҳои барои оббозӣ пешбинӣшуда оббозӣ кунанд, шабона танҳо ба об надароянд. Кумита ҳамчунин аз волидон хостааст, ки кӯдакони худро дар соҳили кӯлу дарёҳо ягон лаҳза беназорат нагузоранд.

Бино ба омори расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, тайи соли 2023 дар обҳои Тоҷикистон 181 нафар, аз ҷумла 75 кӯдаку навраси то синни 16 ва 36 зану духтар ғарқ шудаанд. Соли 2022 дар Тоҷикистон 160 нафар, аз ҷумла 80  кӯдаку навраси то синни 16 ғарқ шуда буд.

Ҳарчанд мавсими оббозии имсола танҳо дар ҳоли авҷ гирифтан аст, алакай дар бораи ғарқ шудани дастикам 67 нафар дар кӯлу дарёҳову каналҳои Тоҷикистон гузориш шудааст. 32 нафар аз ин ғарқшудагон, муттаассифона, кӯдакон ва наврасони то синни 16 будаанд.

Ҳамчунин дар поёни ҳафтаи гузашта, тавре хабар додем, 5 фарзанди муҳоҷирони тоҷик дар шимоли Қазоқистон ва шаҳрҳои Уфа ва Магнитогорски Русия ҳангоми оббозӣ ғарқ шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button