Ҳодиса

БОЗДОШТИ 3 ҚАЛЛОБИ ИНТЕРНЕТӢ, КИ ДАҲҲО ҲАЗОР ДОЛЛАРИ СОКИНОНРО БО ФИРЕБ РАБУДАНД

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 19 июни соли 2024 аз боздошти 3 нафар, аз ҷумла як духтар хабар дод, ки бар асоси маслиҳати пешакӣ бо гуруҳи байналмилалии қаллобон бо хабари бардурӯғи гӯё ба садама афтодану барои табобат ё ҳалли қазия ба пул эҳтиёҷ доштани фарзандони шаҳрвандони Тоҷикистон онҳоро фиреб дода, маблағғои бузургро тасарруф кардаанд. Гуфта мешавад, ки ин се нафар дар чанд ҳолат 62 ҳазор доллар сокинони Тоҷикистонро гирифта, ба шарикони худ дар хориҷ фиристодаанд.

Бино ба иттилои милитсияи Душанбе, давоми чанд рӯзи охир, як қатор шаҳрвандони Тоҷикистон оид ба мардумфиребии афроди ношинос, ба мақомоти милитсия муроҷиат намудаанд, ки аз рӯйи шаклу усули содиршавӣ, ҳамаи онҳо яксон мебошанд.

Кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дар натиҷаи амалисозии як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян намуданд, ки аз хориҷи кишвар як гурӯҳи муташаккили ҷинояткорони интернетӣ, ба ин кор машғуланд. 3 ҳаммаслаки онҳо дар шаҳри Душанбе дастгир карда шуданд.

Маркази матбуоти РВКД Душанбе дар шарҳи ин қазия гуфт: “Ин гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, бо истифода аз имкониятҳои технологияи навин рақамҳои телефони мобилии шаҳрвандонро дастрас намуда, бо шаҳрвандон дар тамос шуда, дар бораи ба садама ва дигар фоҷиа гирифтор шудани фарзандонашон хабарҳои бардурӯғ мерасонидаанд. Бо истифода аз таъсиррасонии равонӣ ба боварии шаҳрвандон даромада, аз онҳо гӯё барои табобати фарзандонашон мабағҳои калони пулӣ талаб кардаанд”.

Зимни пешбурди коркардҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ошкор карда шуд, ки аъзои ин гурӯҳи муташаккили ҷинояткорони интернетӣ барои амалӣ гардонидани мақсадҳои ҷиноятиашон аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон нафарони алоҳидаро ба худ ҷалб намуда, онҳоро барои интиқол додани маблағҳои пулии аз шаҳрвандони фиребхӯрда бадастомада вазифадор кардаанд.

Ба иттилои милитсия, “аз ҷумла, шаҳрвандон Мамараимов Фарҳод Ҳасанович, санаи таваллудаш 21.03.1992, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Лоҳутӣ ва Шарофиддинов Рустам Маруфович, санаи таваллудаш 21.04.1991, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Наврӯз, дастгир карда шуданд, ки онҳо тавассути саҳифаи иҷтимоии Телеграмм бо ин гурӯҳи ҷиноятӣ дар тамос шуда, ба ҳайси интиқолдиҳанда ба истилоҳ курер ба онҳо ёрӣ расонидаанд. Номбурдагон аз се шаҳрванд беш аз 40-ҳазор долларро қабул намуда, тавассути ҳамёни электронӣ ба хориҷи кишвар интиқол додаанд. Ҳамчунин, аз ҷониби кормандони милитсия Акобирова Амина Изатшоевна, санаи таваллудаш 30.11.2001, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Қабодиён дастгир карда шуд. Ӯ низ дар се ҳолат аз ҷабрдидагон дар умум зиёда аз 22 ҳазор долларро гирифта, тавассути хизматрасониҳои бонкӣ маблағҳоро ба хориҷи кишвар фиристодааст.

Бо назардошти ҳолатҳои мазкур милитсияи Душанбе аз шаҳрвандон хост, ки ба ҳар гуна зангҳои афроди ношинос ва хабарҳои бардурӯғи онҳо бовар накунанд ва агар бо чунин шакл мавриди фиреби ин гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ қарор гирифта бошанд, ба мақомоти милитсия муроҷиат намоянд.

Ахиран Мавзуна Носирова дар Фейсбук хабар дод, ки рӯзи 10 июни соли 2024, амаки ӯ Носиров Эмин Мансурович, санаи таваллудаш 29 апрели соли 1939, собиқ муовини раиси шаҳри Душанбе дар солҳои 1979-1983, ки 85 сол дошта, танҳо зиндагӣ мекунад, қурбони чунин қаллобон шуда, тамоми пасандозҳояшро, ки барои маргу мурдааш нигоҳ медошт, аз даст додааст.

Ба нақли Мавзуна Носирова, нафари ношиносе аз рақамҳои ношинос рӯзи 10 июн ба телефони хонагии Эмин Носиров занг зада, худро корманди беморхонаи шаҳри Маскав муаррифӣ мекунад\ ва хабар медиҳад, ки духтараш дучори садама шуда, дар бемористон аст ва барои ҷарроҳии ӯ 10 ҳазор доллар бояд фиристад. Эмин Носиров бовар карда, 10 ҳазор доллар пули пасандозашро ба як ҷавоне, ки ба хонааш фиристоданд, бароварда додааст. Пас аз ним соат боз  гӯё “духтарашон” занг мезанад, гиря мекунад, ки пул камӣ кард барои ҷарроҳӣ ва чӣ қадар пули дигаре, ки дошта бошад, бароварда ба ин одамҳо бидеҳ. Ин дафъа як духтар меояд ва мӯсафед 1800 доллари дар дасташ боқимондаро ҳам бароварда, ба ӯ медиҳад. Баъди ин занг зада, ба мӯсафед мегӯянд, ки онҳо хато кардаанд ва духтаре, ки дучори садама шуд, духтари вай набудааст. Як нафари дигар занг зада, худро корманди пулиси Маскав муаррифӣ мекунад ва Эмин Носировро итминони хотир медиҳад, ки онҳо пулашро рӯёнда медиҳанд ва дар ин масъала гӯё бо додситонии Тоҷикистон ҳамкорӣ карда истодаанд. Албатта, ин ҳам фиреб буд, то ки мӯсафед фиреби онҳоро пай бурда, худаш ба мақомот муроҷиат накунад.

https://www.facebook.com/100083147627825/videos/1255392782537953
https://www.facebook.com/permalink.php?story_fbid=445642774883973&id=100083147627825&ref=embed_post

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button