Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

5 САДАМАИ МАРГОВАР ДАР СПИТАМЕН, КӮШОНИЁН, ВАХШ, ҒАФУРОВ ВА РӮДАКӢ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки тайи рӯзҳои 14 ва 15 июни соли 2024 дар 5 садама дар 5 қисмати гуногуни ҷумҳурӣ 5 нафар, аз ҷумла ду дучархарон ва ду кӯдак ба ҳалокат расида, чанд тани дигар захмӣ шудаанд.  

Аз ҷумла шоми 14-уми июни соли 2024, тахминан соати 20:00, ронандаи мошини боркаши тамғаи «КИА», Ҷумабоев Авазбек Шарифович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Спитамен, дар рӯ ба рӯи хонаи истиқоматиаш ҳангоми ба қафо ҳаракат кардан бо воситаи нақлиёти мазкур, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, писари хурдсоли бародараш Шарифов Билолҷон Азамҷон-уғлӣ, соли таваллудаш 2022, сокини ҳамон ҷоро пахш намудааст. Дар натиҷа, хурдсол Шарифов Б.А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Шаби 14-уми июни соли 2024, тахминан соати 23:00, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Холмуродов Ашурмуҳаммад Мирзошарипович, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Заргар аз уҳдаи идораи мошин набаромада, пиёдагардон Сулаймонов Сангалӣ Аҳтамович, соли таваллудаш 1983 ва хурдсол Аҳтамҷонзода Билол, соли таваллудаш 2015, сокинони ноҳияи мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, Сулаймонов С.А. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, хурдсол Аҳтамҷонзода Б. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Рӯзи 15-уми июни соли 2024, тахминан соати 13:40, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Авазов Суҳроб Қудратович, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ҷамоати шаҳраки Киров, дар назди деҳаи Тоҷикистон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Бердиев Сафаралӣ Юсупович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, Бердиев С.Ю. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Шаби 15-уми июни соли 2024, тахминан соати 22:00, ронандаи мошини тамғаи «БМВ-Е39», Баротов Неъматҷон Эҳсонҷонович, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Д.Холматови ноҳияи Б.Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарони шахсияташ номаълум, ҷинсаш мард, тахминан 45-50-соларо пахш намудааст.Дар натиҷа, ронандаи дучарха ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ва 15-уми июни соли 2024, тахминан соати 18:30, ронандаи мошини тамғаи “КАМАЗ”, Қудбиддинов Алиакбар Файзуллоевич, соли таваллудаш 1969, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Хайруллозода Юсуфҷон, соли таваллудаш 2019, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, хурдсол Хайруллозода Ю. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговар роҳҳои пурхатар дониста шуда, ҳар сол бар асари садамаҳо дар ин кишвар то 400 нафар кушта ва то 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

 Соли 2023 дар роҳҳои ҷумҳурӣ дар 1111 садама 519 нафар ба ҳалокат расида, 1179 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Соли 2022 бар асари 1096 садама др роҳҳои Тоҷикистон 416 нафар ҷон бохта, 1197 нафар ҷароҳат бардошта буданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button