Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

3 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: САДАМАҲОИ МАРГОВАР ДАР ХУҶАНДУ КӮЛОБ ВА ДӮСТӢ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз се садамаи маргбор дар шаҳрҳои Хуҷанду Кӯлоб ва ноҳияи Дӯстӣ (собиқ Ҷиликӯл) хабар дод.

Аз ҷумла рӯзи 16-уми июни соли 2024, тахминан соати 14:40-дақиқа, ронандаи микроавтобуси тамғаи «Даймлер-Бенс», Исмоилов Ҳасан Мирсидиқович, соли таваллудаш 1961, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди кӯчаи Гагарини шаҳри Хуҷанд аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини боркаши тамғаи «Шакман», ки ба ронанда Холиқов Фирдавсҷон Абдурауфович, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Б.Ғафуров тааллуқ дошта, дар канори роҳ таваққуф карда буд, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, мусофири микроавтобуси «Даймлер-Бенс», Қаюмов Абдувалӣ Домуллоҷонович, соли таваллудаш 1959, сокини шаҳри Хуҷанд, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, 4 нафар мусофирони ин мошин бо  ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Нимаи дуюми рӯзи 17-уми июни соли 2024, тахминан соати 15:30, ронандаи ноболиғ Ашуров Шаҳриёр Ғаффоралиевич, соли таваллудаш 2006, сокини шаҳри Кӯлоб,  ки бидуни ҳуқуқи ронандагӣ мошини тамғаи “Дэу-Нексия”-и падараш Маҳмудов Абдуғаффор Вадудович, соли таваллудаш 1966, сокини шаҳри Кӯлобро гирифта буд, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Сангпари ҷамоати деҳоти Зиракӣ дар канори шаҳри Кӯлоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини тамғаи “Ҳундай Аванта”-и Раҳимов Эмомалӣ Муродалиевич, соли таваллудаш 1990, сокини ҳамин шаҳр, ки дар канори роҳ қарор дошт, бармехӯрад.
Сипас, “Дэу” боз ба мошини боркаши тамғаи “Ҳундай Портер”, таҳти идораи Каримов Шодӣ Кӯлобиевич, соли таваллудаш 1995, сокини ҳамин шаҳр бархӯрдааст. Дар ин лаҳза Ёқубов Аминҷон Асрорович, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Кӯлоб, ба таъмири оинаи мошини Раҳимов Э. машғул будааст. Усто дар натиҷаи садама ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст.

Боз ҳам нимаи дуюми рӯзи 17-уми июни соли 2024, тахминан соати 17:10, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Зафира», Ашӯров Мумин Ҷалилович, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Дӯстӣ (собиқ Ҷиликӯл), ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Қубодиён ба самти шаҳри Бохтар, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Нури Вахши ноҳияи Дӯстӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар дохили канали обгузар мошинро чаппа кардааст. Дар натиҷа, мусофири “Опел” Зиёев Баҳром Қодирович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи мазкур ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
ВКД гуфт, аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговар роҳҳои пурхатар дониста шуда, ҳар сол бар асари садамаҳо дар ин кишвар то 400 нафар кушта ва то 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

 Соли 2023 дар роҳҳои ҷумҳурӣ дар 1111 садама 519 нафар ба ҳалокат расида, 1179 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Соли 2022 бар асари 1096 садама др роҳҳои Тоҷикистон 416 нафар ҷон бохта, 1197 нафар ҷароҳат бардошта буданд.

Дар аксҳо: садамаи шаҳри Хуҷанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button