Хабарҳо

САРУСАДОҲО ДАР МАВРИДИ БОЗПУРСИИ ДАҲҲО НАФАР ДАР ЧОРЧӮБИ ПАРВАНДАИ “ҒАСБИ ҲОКИМИЯТ”

Манобеи гуногун аз Тоҷикистон дар пайи боздошти вакили парлумон ва номзади собиқ ба президентӣ Саидҷаъфар Усмонзода дар бораи бозпурсии даҳҳо нафар, аз ҷумла чандин нафар аз шахсиятҳои маъруфу бонуфуз, дар чорчӯби ин парвандаи пурсарусадои “ғасби ҳокимият” хабар медиҳанд. Мақомоти расмӣ ва ҳамчунин ин афроде, ки номашон инак чанд рӯз боз дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет ҳамчун афроди бозпурсишуда зикр мешаванд, ин сарусадоҳоро то ҳол ягон шарҳ надодаанд ва ин боиси рехтани равғани бештар ба оташи ҳангомаву овозаҳо дар атрофи ин қазия шудааст.

Дуруст як ҳафта қабл, рӯзи 12 июни соли 2024 Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумон вакили ин маҷлис Саидҷаъфар Усмонзодаро ба “ғасби ҳокимият” ва аз намояндаи як давлати хориҷӣ дархост кардани 10 миллион доллар барои анҷоми ин кор айбдор кард ва аз парлумон лағви дахлнопазирии вакилии Усмонзода ва иҷозат барои ҳабси ӯро хост. Бино ба хабарҳо, Саидҷаъфар Усмонзода бегоҳи ҳамон рӯзи 12 июн дастгир шуд ва то ҳол дар ҳабс қарор дорад.

Дар ин байн манобеи мухолифини тоҷик дар Аврупо дар бораи бозҷӯӣ ва ҳатто боздошт шудани даҳҳо нафар хабар медиҳанд. Додоҷон Атовуллоев, журналист ва сиёсатмадори мухолифи муқими Берлин аз бозҷӯӣ шудани беш аз 50 нафар дар Душанбе хабар дод ва Муҳаммадиқболи Садриддин, сардабири канали оппозитсионии “Ислоҳ ТВ” гуфт, ки шумораи бозпурсишудаҳо ба 63 нафар расидааст.

Ҳамин тавр, Шарофиддин Гадоев фарзияи худро пеш гузошта, ҳабси Усмонзода ва бозҷӯии дигаронро бо сафари махфии як генерали рус ба Тоҷикистон дар пайи ҳамлаи террористии “Крокус” дар поёни моҳи марти соли 2024 рабт дод ва иддао кард, ки мақомоти Тоҷикистон аз тарси наовардани хашми бештари Кремл кӯшиши мақомоти Русия барои ташкил ваё ҳадди ақал таҳрик додани табаддулоти давлатӣ дар Тоҷикистонро пинҳон карданӣ шуда, мехоҳанд бори масъулиятро ба гардани мухолифин бор кунанд. Манзури Гадоев суханронии Юсуф Раҳмон дар парлумон аст, ки гуфта буд, гӯё Саидҷаъфар Усмонзода ҳанӯз моҳи сентябри соли 2021 бо Гадоев тавассути телефон масъалаи табаддулотро баррасӣ карда ва Гадоев ваъда додааст, ки Муҳиддин Кабирӣ, яке аз раҳбарони мухолифин ба ӯ дар ин роҳ кумаки пулӣ мерасонад ва гӯё 3 ҳазор ҷангии “Ҷамоати Ансоруллоҳ” аз Афғонистон низ ба Усмонзода хоҳанд пайваст, то ҳукумати кунунии Тоҷикистонро сарнагун кунанд.

Тасдиқи ин иддао ва ҳамчунин номҳое, ки дар чорчӯби ин парванда зикр шудаанд, тавассути манобеи дигар имкон надорад ва мақомот, тавре гуфтем, дар ин бора ягон шарҳ намедиҳанд.

Аммо аз номҳо. Муҳаммадиқболи Садриддин бидуни ироаи ягон ном ба 4 мансабдори баландпояе, ки феълан дар хориҷ қарор дошта, гӯё барои бозпурсӣ ба Душанбе даъват шудаанд, ҳушдор додааст, ки “барнагардед, ки боздошт мешавед”. Ба ақидаи ӯ, ҳадафи ин боздошту бозҷӯиҳои ахир Муҳаммадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори собиқи Душанбе ва раиси собиқи Маҷлиси миллист. Муҳаммадиқболи Садриддин қаблан фарзияи начандон боваркарданиеро ҳам матраҳ кард, ки ҳадаф аз боздошти Саидҷаъфар Усмонзода на раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов аст, ки бо Усмонзода риштаи хешутаборӣ дорад, балки кӯшиши Душанбе барои ширин кардани худ дар пеши Толибон аст, зеро Усмонзода аз Толибон хеле тунд  ва гоҳо ҳатто бо як лаҳни таҳдидомез интиқод мекард.

Додоҷон Атовуллоев дар зикри номҳо мушаххастар буда, аз боздошту бозпурсӣ шудани чандин нафари шинохта, аз ҷумла Ҳамрохон Зарифӣ – собиқ вазири корҳои хориҷӣ, Ёқуб Салимов – собиқ вазири корҳои дохилӣ, Акбаршо Искандаров – собиқ и.в. президенти Тоҷикистон, Саламшо Муҳаббатов – собиқ қумондони оппозитсия, полковник Назрулло Наимов – собиқ сардори гурӯҳи зиддитеррористии «Алфа»-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод. Баъзеҳо баъди пурсуҷӯ озод шудаанд ва баъзеи дигар дар ҳабси пешакӣ ҳастанд”,  – навиштааст Атовуллоев. Аз ин шумор,  аз ҷумла Назрулло Наимов, ба иттилои Атовуллоев, боздошт шудааст.

Манобеи “Бомдод” дар бораи бозпурсӣ ва сипас ҷавоб шудани Ҷамшед Ятимов, додари Саймӯмин Ятимов ва қудои Саидҷаъфар Усмонзода хабар медиҳанд.

Ҳамин тавр, сару садоҳои зиёде дар бораи бозпурсӣ шудани Муҳаммадсаид Убайдуллоев ва Акбаршо Искандарову ронандаи ӯ аз манобеи дигар низ ба даст мерасанд.

Вале тавре гуфтем, бо гузашти чанд рӯз аз паҳн шудани ин овозаҳо ҳеҷ кадоме аз ин шахсиятҳои шинохта, ки қариб ҳамааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъоланд, овозаҳо дар бораи бозпурсӣ шудани худро ба ягон навъ –  на бо тасдиқу на бо такзиб – шарҳ надодаанд.

То ҳол танҳо чизе ки расман маълум аст, ҳабси Усмонзода ва кушодани парванда ба зидди ӯ бар асоси қисми дуюми моддаи 306 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон аст. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун барои ғасби ҳокимият бо роҳи зӯроварӣ ҳамчун ҷазо аз 15 то 25 соли зиндон ё ҳабси умрбод таҳдид мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button