Дин ва боварҳоТОҶИКИСТОНҲуқуқи инсон

МАҶЛИСИ МИЛЛӢ ҚОНУНИ ҶАНҶОЛБАРАНГЕЗИ МАНЪИ ҲИҶОБРО БАРРАСӢ МЕКУНАД

Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон рӯзи 19 июни соли 2024 дар иҷлосияи 18-умаш чанд қонуни ахиран қабулкардаи Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумон, аз ҷумла қонуни танзими ҷашну маросим, қонуни масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, қонун «Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо» ва ҳамчунин тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷинояӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ мекунад.

Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ хабар дод, ки иҷлосияи 18-уми палатаи болоии парлумон, даъвати шашум 19 июни соли 2024, соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Маҷлиси миллӣ баргузор мешавад. Сабти номи вакилони Маҷлис алакай рӯзи 18 июн оғоз ёфтааст.

Ду қонуни асосие, ки вакилони Маҷлиси миллӣ бояд баррасӣ кунанд, албатта, яке қонуни масъулияти падару модар ва дигарӣ қонуни танзими ҷашну маросим аст. Тағйироти асосӣ дар қонуни масъулияти падару модар ин бардошта шудани падару модар ҳамчун масъули ягона дар таълиму тарбияи фарзанд аст. Ҳангоми муаррифии тарҳи нави қонун дар Маҷлиси намояндагон  вазири маориф гуфт, азбаски аксари падару модарон барои муддати тӯлонӣ ба муҳоҷирати корӣ мераванд ва тарбияи фарзандони худро ба хешовандони дигари худ, аз ҷумла ба бобою бибӣ, холаву тағо ё амаку аммаҳои фарзандонашон вогузор мекунанд, тасмим ин шуд, ки нафақат падару модар, балки дигар саробону парасторҳои кӯдакро низ барои хунукназарӣ дар таълиму тарбияи кӯдак ба ҷавобгарӣ бикашонанд. Дар ҳоли ҳозир, бар асоси моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хунукназарӣ дар тарбияи кӯдакон ҷарима ба андозаи аз 3 то 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне ба маблағи аз 216 то 360 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Аммо тарҳи аз ҳама ҷанҷолбарангезе, ки вакилони Маҷлиси миллӣ баррасӣ мекунанд, бидуни шак, тағйирот ба қонуни танзими ҷашну маросим аст, ки ду тағйироти умдааш яке манъи идгардаки кӯдакон аст, ки дар ҷомиаи Тоҷикистон вокунишҳои зиёду асосан манфӣ ба бор овард. Аммо тағйироти дуюми умда дар ин қонун, ки ҳамчун манъи ҳиҷоб ном баровард, нафақат дар дохил, балки дар берун аз Тоҷикистон низ ба мавҷи вокунишҳои маҳкумкунанда рӯбарӯ шуд ва аз ҷумла дар Туркияву Афғонистон бархе рӯҳониён хутбаи намози ҷумъаро ба ҳамин мавзӯъ бахшида, аз амалкарди мақомоти Тоҷикистон бо лаҳни тунд интиқод карданд.

Чанд рӯҳонии соҳибминбари афғон, аз ҷумла Аҳмад Фирӯз Аҳмадӣ ва Абдулқадири Ҳомӣ  дар мавъизаҳои худ ҳатто эълон карданд, ки агар ҳукумати Тоҷикистон аз манъи ҳиҷоб даст набардорад, ҷиҳод алайҳи он барои ҳама фарз мешавад. Абдулҳамид Хуросонӣ, як фармондеҳи тарафдори Толибон аз миёни тоҷикони Панҷшер низ баъди шурӯи рейдҳои зидди ҳиҷоб дар Тоҷикистон таҳдид ба оғози “ҷиҳод” ба зидди ҳукумати Тоҷикистон кард.

Ин даъватҳо ба ҷиҳод ба зидди ҳукумати Тоҷикистон як маъракаи густардаи таблиғотӣ дар дохили Тоҷикистонро бо иштироки рӯҳониён ва артиши бузурги “фермаи ҷавоб” дар пай дошт.

Чанд рӯҳонии шинохтаи тоҷик, аз ҷумла Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов, домулло Абдураҳими Қазоқонӣ ва домулло Суҳбатуллоҳ дар видеоҳояшон бо тақрибан айни мазмун ҳаққи рӯҳониёни афғон барои додани фатвои ҷиҳод ба зидди ҳукумати Тоҷикистонро ба чолиш кашида, ба мазаммати онҳо пардохтанд, ки чаро ба зидди ливотагарӣ ё қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон эълони ҷиҳод намекунанд? Дар ҷараёни ин маъракаи таблиғотӣ ҳамчунин ба мардум талқин мекарданд, ки дар фаҳмиши тарҳи нави қонуни танзим сӯитафоҳум шудааст ва гӯё манзури мақомот аз манъи либоси “ба фарҳанги миллӣ бегона” манъи ҳиҷоб набуд, балки танҳо либосҳои арабиву туркиеро дар назар доштаанд.

Аммо бар асоси тағйироте, ки Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Кумитаи дин рӯзи 9 майи соли 2024 қабул кард, воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои “ба фарҳанги миллӣ бегона”, инчунин, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо манъ карда мешавад.

Мояи дигари норозигиҳо ин шуд, ки ҳанӯз ин қонун ба иҷро надаромада, дар идораҳои давлатӣ, аз ҷумла дар бемористонҳо гуруҳҳои махсус ташкил шуданд, ки дар пеши дари ин муассисаҳо истода, занону духтарони ҳиҷобпӯшро маҷбур мекарданд, ки аввали ҳиҷоби худро аз сар кашида, ба шакли “тоҷикӣ”, яъне ба тарафи қафо бубанданд ва баъд дароянд. Занону духтарони ҳиҷобпӯшро ҳатто тарс медоданд, ки барои пӯшидани ҳиҷоб гӯё 3500 сомонӣ ҷарима муқаррар карда шудааст.

Баъди вокунишҳои шадид ва даъватҳо ба ҷиҳод рейдҳои зидди ҳиҷоб дар Тоҷикистон зоҳиран сусттар шуд. Бархе таҳлилгарон худи ин пешниҳоди манъи либоси “ба фарҳанги миллӣ бегона”-ро, ки дар ҷомиа ҳамчун манъи ҳиҷоб қабул шуд, авантюра ва ҳатто “подстава”, яъне дар як шароити ногувор қарор додани ҳукумат номиданд ва изҳори умедворӣ карданд, ки афроди солимақл дар дохили ҳукумат пеши роҳи ин фитнаро гирифта, ин қонуни баҳсбарангезро ҳанӯз қабул ношуда, бекор мекунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button