Хабарҳо

БОЗДОШТИ РОНАНДАИ … 9-СОЛА (!!!) ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ

Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон аз боздошти ронандае хабар дод, ки ҳамагӣ 9 сол дошт!

Санаи 17 июни соли 2024 дар Интернет наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати бо суръати баланд идора намудани воситаи нақлиёти тамғаи “Мерседес” аз ҷониби як кӯдак инъикос ёфта, мусофиронаш низ хурдсолон буданд.

Дар натиҷаи гузаронидани санҷиш алакай баъди як соат пас аз нашри навор аз ҷониби кормандони милитсияи Хатлон муайян карда шуд, ки рақамҳои қайди давлатии воситаи нақлиёти мазкур 97 58 ЕС 01 буда, таҳти идораи ноболиғи 9-сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Панҷ, ҷамоати шаҳраки Панҷ, кӯчаи Рӯдакӣ қарор доштааст.

Милитсияи Хатлон дар шарҳи ин ҳодиса гуфт: “Ин кӯдак субҳи 17-уми июн аз бемасъулиятӣ ва хунукназарии волидайни худ истифода бурда, бе пурсиш воситаи нақлиёти падараш Маҳмадов Хуршед Маҳмадназарович, санаи таваллудаш 27.05.1986, зодаи ноҳияи Панҷ, истиқоматкунандаи ноҳияи Синои шаҳри Душанберо гирифта, якчанд кӯдакони дигарро савор намуда, дар маркази ноҳияи Панҷ бо суръати баланд идора ва ҷони худу дигар атрофиёнро зери хатар гузоштааст”.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати волидайни номбурда барои бемасъулиятиву хунукназарӣ дар таълиму тарбияи фарзанд, тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба мақомоти судӣ ирсол гардид.

Ҳамзамон ҷиҳати минбаъд такрор наёфтани чунин ҳолат бо волидайни номбурда корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, ба таври қатъӣ огоҳонида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button