ВидеоҚиссаҳои муҳоҷиронМУҲОҶИРОН

ЧЕЧЕНҲО БАРОИ ГАП ПАРТОФТАН БА ЯК ДУХТАРИ ЧЕЧЕН ҲАРДУ ПОИ ҶАВОНИ ТОҶИКРО ШИКАСТАНД (ВИДЕО)

Байни як оила аз Чеченистон ва ду акаву додар аз Тоҷикистон дар шаҳри Твери Русия ҳодисаҳое рух дод, ки хусумати байни ду оилаи Монтекки и Капулеттиро аз достони машҳури “Ромео ва Ҷулетта” ба ёд меорад. Зодагони Чеченистон барои озурдани хоҳарашон ҳарду кулчаи зонувони ҷавони тоҷикро зада шикастанд.

Дар ин бора рӯзи 17 июни соли 2024 Телеграм-канали Readovka хабар дод.

Бино ба ин манбаъ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Твер аъзои як хонаводаи зодагони Чеченистонро дастгир карданд. Сабаби боздошти онҳо як моҷарои пур аз шӯру шарест, ки чанд рӯз боз дар Твер идома дошт.

Ба иттилои Readovka, дар як фурӯшгоҳи Твер як ҷавони тоҷик бо риши фавқулодда дароз ба як духтари чечен гап мепартояд. Ин ба духтар хуш намеояд ва ӯ пешниҳоди ҷавон барои шинос шуданро рад мекунад. Ҷавон аз ин озурда шуда, ба рӯи духтар ҳарфҳои ноҷо мезанад. Духтар инро ҳамчун таҳқир қабул карда, телефонашро мебарорад ва ҷавони тоҷикро сабт карда, таҳдидаш мекунад, ки сабтро ба бародаронаш мефиристад, то чораи ҷавонро бубинанд. Ҷавон, тавре дар сабт дида мешавад, ин таҳдидро ҷиддӣ намегирад ва ҳатто худаш ба духтар “маслиҳат” медиҳад, ки ӯро тавре сабт кунад, ки дар видео хушрӯтар намудор шавад.

Аммо ба фарқ аз ин ҷавон, бародарони духтар масъаларо ҷиддӣ гирифта, дар пайи ҷустуҷӯи ҷавон мешаванд. Худи ӯро намеёбанд, вале дар Твер бародари ӯро пайдо мекунанд. Ин бечора аз пушти додараш ба сарнавишти начандон хуше дучор шуд: Азбаски ӯ суроғаи додарашро зуд надод, чеченҳо ӯро шадидан латтукӯб ва ба ифшои суроғаи додараш маҷбур карданд.

Маълум шуд, ки ҷавоне, ки духтари чеченро ғам дод, дар Маскав ба сар мебурдааст. Чеченҳо ба суроғи ӯ ба Маскав рафта, пайдояш кардаанд ва зери мушту лагаташ гирифта, ҳарду кулчаи зонувони ӯро зада шикастаанд. Онҳо барои худнамоӣ дар пеши хоҳарашон акси ин ҷавон бо пойҳои аз зону шикастаро низ гирифтаанд.

Ин ҳодиса чунон сару садо пайдо кард, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба он таваҷҷуҳ карданд ва ҳарду тарафи моҷаро: ҳам оилаи чеченҳо ва ҳам он ду бародари тоҷикро дастгир карданд.

Барои ҷазои худсарона ба чеченҳо чанд соли зиндон таҳдид мекунад. Ҷавони тоҷикро бошад метавонанд ба майдаавбошӣ ва паст задани шаъну эътибори духтари чечен айбдор кунанд. Барои ин ба ӯ ҷарима ваё то 15 рхӯзи ҳабси маъмурӣ таҳдид мекунад. Ва, албатта, ихроҷ аз Русия.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button