ВидеоМУҲОҶИРОННуқтаи назарҲуқуқи инсон

МАҚОМОТИ РУСИЯ БА ТАФТИШИ ЯК ВИДЕОИ БЛОГЕРИ ТОҶИК УСМОН ОҒОЗ КАРДААНД (ВИДЕО)

Раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин, ки бо сиёсати ошкори зидди муҳоҷирон ном баровардааст, ҷараёни санҷиши видеои блогери тоҷик Усмон, муҷрии канали пурмухлиси “Тоҷикон Шоу”-ро таҳти назорати худ гирифтааст.  Усмон ахиран дар як видео дар каналаш, ки беш аз 800 ҳазор обуначӣ дорад, аз муҳоҷирон даъват кардааст, то будубоши худро дар Русия аз тариқи дарёфти билетҳои донишҷӯӣ расмӣ гардонанд.

Рӯзи 16 июни соли 2024 Сарраёсати тафтишоти шаҳри Санкт-Петербург дар Телеграм-каналаш хабар дод, ки “бино ба маълумоти нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ, як блогери тоҷикистонии муқими Санкт-Петербург дар саҳифаҳояш пиромуни роҳҳои содир кардани амалҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла дар бахши муҳоҷират маълумот додааст. Мақомоти тафтишотии Санкт-Петербург дар робита ба ин қазия санҷиши қабл аз тафтишро оғоз кардаанд. Раиси Кумитаи тафтишоти Русия ба иҷрокунандаи вазифаи раҳбари Сарраёсати тафтишоти шаҳри Санкт-Петербург Бобков О.В. амр дод, ки дар бораи ҷараёни санҷиш ва тафсилоти муайяншуда ба ӯ ҳисобот бидиҳанд”, – гуфта мешавад дар иттилоия.

Сарраёсати тафтишоти шаҳри Санкт-Петербургдар иттилоияаш номи блогерро ифшо накардааст, вале бино ба иттилои Телеграм-каналҳои русӣ, сухан дар бораи блогери шинохтаи тоҷик Усмон меравад, ки ҳоло дар Петебург ба сар мебарад. Видеои ҷангҷолбарангези Усмонро рӯзи 15 июни соли 2024 Телеграм-канали “Дева дивная” нашр кард ва аз мақомоти Русия хост, то нисбат ба ин блогери тоҷик чораҷӯӣ кунанд.

“Блогери тоҷик, ки дар Санкт-Петербург зиндагӣ мекунад, дар саҳифааш дар Инстаграм, ки 800 ҳазор обуначӣ дорад, нақл мекунад, ки чӣ гуна аз фиреб додани идораи муҳоҷират кай мекунад. Бвъди ҳамлаи “Крокус” патентгирӣ хеле мушкилтар шуд – додани патентро аввал манъ карданд ва баъди аз сар гирифтан доим дар база мезананд ва аз ин рӯ, гирифтани патент бо санади бардурӯғ, ки гӯё дар корхонаи амаки Тӯра кор мекунед, номумкин шуд. Муҳоҷирон роҳи халосӣ аз ин ҳолатро ҳам ёфтанд – санади донишҷӯӣ. Блогер рақами телефонро нишон медиҳад, ки бо он рақам шумо маслиҳат мекунед, то дар ивази пул шуморо ҳамчун донишҷӯ расмӣ гардонда, ҳҷҷати донишҷӯӣ бидиҳанд. Шарт нест, ки шумо ба дарс равед, таҳсил таҳсили бардурӯғ аст, вале пулис донишҷӯёнро тафтиш намекунад”, – навиштааст канали “Дева дивная”.

Худи Усмон барои шарҳи ин қазия дастрас нест, вале дар видеои нашркардаи канали “Дева дивная” ӯ бо забони гуфтугӯии омехтаи русию тоҷикӣ ба муҳоҷирон муроҷиат мекунад, ки ин видеоро дар дохили бинои як омӯзишгоҳи Петербург сабт карда истодааст.

“Азбаски патент кардан бисёр мушкил шудааст, тавсияи дигари ман билети донишҷӯист”, – мегӯяд блогер хитоб ба муҳоҷирони тоҷик.

Ӯ сипас як рақами Ватсапро дар зери навор нишон медиҳад ва аз муҳоҷирон даъват мекунад, ки “ба ҳамин бачаҳои худамон бе ягон тарс муроҷиат кунед, коратон ҳал аст. Фақат даводаваш мондагӣ аст. Ин кор ягон фиребу қаллобӣ надорад.  Шумо низ сағираҳои содда нашавед. Ҳамин ки варақаро гирифтӣ, санҷед, ки дар база ҳаст ё не? Шуморо намедонам, вале ман билети донишҷӯӣ дархост кардам, умедворам, ки ҳамааш тинҷ мегузарад…”

Блогери тоҷик сипас ҳуҷҷатҳои як ҷавони ришдорро нишон медиҳад ва мегӯяд, ҳуҷҷатҳои бисёре аз бачаҳо алакай тайёр шудааст. Ӯ ба муҳоҷирон машварат медиҳад, ки баъди дарёфти ҳуҷҷати донишҷӯӣ худро бой надода,  бо боварӣ санадашонро ба кормандони мақомот нишон бидиҳанд ва бо дили пур бигӯянд, ки “ман донишҷӯям!”

Ин видеои Усмон дар ҳолест, ки муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, баъди ҳамлаи террористии моҳи март дар “Крокус” гирифтани патент дар шаҳри Петербург ва вилояти Ленинград барои зодагони Тоҷикистон хеле мушкил шудааст ва бисёриҳо наметавонанд будубош ва фаъолияти кории худро дар ин минтақаи воқеъ дар шимолуғарби Русия қонунӣ гардонанд.  Шаҳри Петербург ва вилояти Ленинград баъди шаҳру вилояти Маскав дуюмин бозори аз ҳама бузурги кор барои муҳоҷирони корӣ дар Русия ба шумор меравад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button