Дин ва боварҳоХабарҳои кӯтоҳ

ТАШКИЛИ 36 НУҚТАИ ЗАБҲИ ЧОРВОИ ҚУРБОНӢ ДАР АРАФАИ ИД ДАР ДУШАНБЕ

Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи ҷумъаи 14 июни соли 2024 бо имзои қарори №390 ҷиҳати ташкили ҷойҳои муваққатии забҳи чорво дар арафаи Иди Қурбон амр дод.

Бар асоси ин қарор, дар саросари пойтахт, аз ҷумла дар ҷамоатҳое, ки тоза соли 2021 аз ҳисоби ноҳияи Рӯдакӣ ба қаламрави пойтахти Тоҷикистон ҳамроҳ карда шуданд, дар маҷмӯъ 36 нуқтаи муваққати забҳи чорвои қурбонӣ ташкил карда шудаанд.

Бар асоси замимаи ин қарор аз ҷумла дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 6 нуқтаи муваққати забҳи чорвои қурбонӣ, дар ноҳияи Фирдавсӣ 7 нуқта ва дар ноҳияи Шоҳмансур 8 нуқтаи забҳи чорвои қурбонӣ ташкил карда шудаанд. Аз ҳама бештар – 15 нуқтаи забҳи чорво – дар ҳудуди ноҳияи Сино ташкил  шудааст ва ин табиист, зеро баъди ба ҳайъати ин ноҳия ҳамроҳ кардани чандин деҳаву ҷамоати ноҳияи Рӯдакӣ, ноҳияи Сино ба калонтарин ноҳияи шаҳри Душанбе табдил ёфт.

Тибқи муқаррарот, забҳи чорво дар пойтахти Тоҷикистон бояд дар ҷойҳои махсуси барои ин муқаррраршуда анҷом дода шавад дар қарори шаҳрдор ба масъулон, аҳ ҷумла ба мақомоти бехатарии озуқаворӣ ва назорати санитариву эпидемиологӣ, амр шудааст, то “ҷиҳати  пешгирии забҳи чорво дар ҷойҳои муқаррарнашуда чораҳои амалӣ андешанд”.

Тибқи қарори раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон (собиқ муфтиёт) иди саиди Қурбон, яке аз ду иди муҳими мусалмонӣ, дар ҷумҳурӣ, чун дар аксари дигар кишварҳои мусалмонии дунё, рӯзи якшанбе, 16 июн таҷлил карда шуда, намози ид дар масҷидҳо соати шаши субҳ таъйин карда шудааст.

Бисёриҳо нигарон буданд, ки мақомот алакай дар ҳамин иди Қурбон монеи идгардаки кӯдакон хоҳанд шуд. Вале Шӯрои уламо дар қарораш танҳо ба ин таъкид кардааст, ки кӯдаконро дар ҷараёни идгардак беназорат нагузоранд.

Қарори маълум, моҳи май палатаи поёнии парлумон тарҳи наву ҷанҷолбарангези қонуни танзимро қабул кард, ки як бандаш аз ҷумла идгардаки кӯдаконро манъ мекунад. Вале Кумитаи дин ахиран тавзеҳ дод, ки ин қонун ҳанӯз ба иҷро надаромадааст. Қарор аст, рӯзи 19 июн Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ин тарҳи ҷанҷолиро баррасӣ кунад.

14 Июни 2024, Ҷумъа

Дар бораи ташкил намудани ҷойҳои муваққатии  забҳи чорво дар арафаи Иди Қурбон дар соли 2024

Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 25 январи соли 2024, №36 «Дар бораи ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ дар соли 2024» ва таҷлил намудани Иди Қурбон дар соли 2024, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

                                              ҚАРОР  МЕКУНАМ:

1. Ҷойҳои муваққатии забҳи чорво дар арафаи Иди Қурбон дар ҷойҳои муайяншуда тибқи замима ташкил карда шавад.

2. Раисони  ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинг дар ҳамкорӣ бо КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе», Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар шаҳри Душанбе ва Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати  пешгирии забҳи чорво дар ҷойҳои муқаррарнашуда чораҳои амалӣ андешанд.

3. Шуъбаи иттилоот дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси ҳамаҷонибаи муҳтавои қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма ба роҳ монанд.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

  Рустами Эмомалӣ 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button