Хабарҳои кӯтоҳ

ЗАНОЗАНӢ ДАР  РОМИТ, МАРГИ ҶАВОНЗАН ДАР ФАХРОБОД ВА ҚАЛЛОБӢ БО 3 МОШИН

Дастгир гардидани марди 33-сола барои қасдан расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ

25

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза марди 47-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 6-уми июни соли 2024, тахминан соати 15:00, ҳангоми дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ромит қарор доштанаш марди 33-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ бе ягон асос ӯро мавриди лату кӯб қарор додааст. Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ ҷароҳати бардоштаи ҷабрдида ҳамчун зарари вазнин ба саломатӣ мансуб дониста мешавад. Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ҳалокати як ҷавонзан дар ҳодисаи нақлиётӣ

63

11-уми июни соли 2024, тахминан соати 15:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Подшоқулов Беҳрӯз Кароматуллоевич, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Хуросон, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Хуросон, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Тойота Камри”, таҳти идораи Рустамзода Абубакр Рустам, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ки аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат мекард, бархӯрдаст.

Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “Тойота Камри”, Ҳалимова Моҳрухсор Раҷабалиевна, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст. Худи ронандаи “Камри”, Рустамзода А.Р ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ошкор шудани кирдори қаллобӣ дар ҳаҷми 460 ҳазор сомонӣ

03

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 40-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи ноябри соли 2023 ҳангоми дар кӯчаи Гипроземи шаҳри Душанбе қарор доштанаш марди 50-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ дар се лаҳза 1-адад автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс GL-500” арзишаш 150 ҳазор сомонӣ, 1-адад автомашинаи тамғаи “Лексус GS-350” арзишаш 160 ҳазор сомонӣ ва 1-адад автомашинаи тамғаи “Тойота Камри” арзишаш 150 ҳазор сомониро тариқи ғайринақдӣ нархгузорӣ карда, гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати ду моҳ маблағашонро бармегардонад, аммо номбурда воситаҳои нақлиётро фурӯхта, маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Зарари расонидашуда 460 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button