ВидеоҲодисаҲуқуқи инсонҶомеа

7 ШАБОНАРӮЗ ҲАБСИ ШАВҲАРИ РУХШОНАИ БЛОГЕР БАР АСОСИ ШИКОЯТИ ЗАНАШ (ВИДЕО)

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе шоми 13 июни соли 2024 хабар дод, ки бар асоси шикояти блогер  Рухшона Раҳматуллоева, ки бо тахаллуси Soffi_1111 маъруф буда, дар Инстаграм беш аз 400 ҳазор обуначӣ дорад, шавҳари ӯ Умед Раҳматуллоевро 7 шабонарӯз ҳабс кардаанд.

Милитсияи пойтахт ҳабси Раҳматуллоевро “оқибати муносибати носолими оиладорӣ” номида, навишт, “ҳамдигарфаҳмию эҳтиром ва риояи одобу ахлоқи оиладорӣ асоси бунёди оилаи солим ба шумор мераванд. Вале дар аксар маврид вуҷуд надоштани чунин омилҳо боиси парокандашавии оилаҳо ва сар занади ҳодисаю воқеаҳои фалокатбор мегардад”.

Бино ба иттилоияи нашршуда, аз ҷониби кормандони раёсати корҳои дохилии пойтахт муроҷиати электронии шаҳрванд Рухшона Раҳматуллоева, ки аз шиканҷаву бадрафтории шавҳараш шикоят кард, мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар натиҷаи санҷиши муроҷиати ин зан, шавҳари ӯ шаҳрванд Раҳматуллоев Умед Ахмедович, санаи таваллудаш 10.03.1992, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи С.Айнӣ дастгир карда шуд.

Милитсия дар шарҳи ин қазия гуфт: “Зимни санҷиши холисонаву ҳамаҷониба, пурсиши гумонбару ҷабрдида ва шоҳидони ҳодиса муайян карда шуд, ки дар ҳақиқат, муддатест, ки дар муносибатҳои оиладории номбурдагон нофаҳмӣ ҷой доштааст.”

Вобаста ба ин, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт нисбати шаҳрванд Раҳматуллев Умед протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур нисбати номбурда ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯз таъйин карда шуд.

Худи Умед Раҳматуллоев ё наздиконаш барои шарҳи моҷаро дастрас нестанд.

Вале қаблан ҳамсари ӯ Рухшона Раҳматуллоева дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри як навор хабар дод, ки аз рафтори шавҳараш Умед, ки бо ҳам 5 сол зиндагӣ карданд ва 3 фарзанд доранд, ба ҷон омадааст, зеро ӯ ҳар рӯз бо корд ташдиди куштанаш мекунад ва шиканҷаю озораш медиҳад.

Рухшона Раҳматуллоева гуфт, маҷбур шуд, ки ҳамроҳи фарзандонаш аз хона фирор кунад, вале шавҳараш ӯро таъқиб мекунад ва таҳдид кардааст, ки агар пайдояш кунад, мекушад. Ӯ аз мақомот ҳам шикоят кард, ки бо вуҷуди муроҷиатҳои батакрораш ягон чора надиданд.

Ҳар рӯз зиндагии ман бо таҳдиди куштан аст, маро маҷбурӣ қапидааст, оё қонун ҳаст барои ҳаминхел одамон?”  – гуфтааст блогер.

Рухшона Раҳматуллоева, мутахаллис ба Soffi_1111, ки чеҳраи зебо дорад, дар саҳифааш дар Инстаграм асосан ҳусни худро бо либоси гуногун ба намоиш мегузорад ва гоҳо маҳсулоти ягон ширкатро тарғиб карда, ҳар сари чанд вақт бозиҳо дар шакли “гив” низ мегузаронад.

Масъалаи зӯроварии оилавӣ ва ба сари ҳамсарашон даст бардоштани шавҳарон ва таҳти озори ҷисмонӣ ё фишори равонӣ қарор додани онҳо аз ҷониби шавҳар ва аҳли хонаводаи шавҳар аз масоили доғи ҷомиаи Тоҷикистон боқӣ мемонад. Дар кишвар ҳар сол то 600 мавриди худкушӣ ё қасди худкушӣ рух медиҳад.  Бахши аъзами онҳое, ки қасди ҷони худ мекунанд, занонеанд, ки аз фишору хушунат дар оила ба ҷон меоянд, вале роҳи дигареро барои наҷоти худ аз ин вартаи муҳликро намебинанд ё намеёбанд.

https://www.instagram.com/soffi_1111_official/?utm_source=ig_embed&ig_rid=08d864f6-6331-49f2-a6db-6d7137a0aea9

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button