Хабарҳои кӯтоҳ

МАРГИ КӮДАКИ ЧОРСОЛА ДАР АМОНДАРА, ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ 550 ҲАЗОР ВА ДУЗДИИ ҶАВОҲИРОТ

Ҳалокати хурдсол дар садамаи нақлиётӣ дар ҳудуди деҳаи Амондара

13

11-уми июни соли 2024, тахминан соати 15:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел Астра», Халифаев Дониёр Додхоевич, соли таваллудаш 1980, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Амондараи шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Каримзода Фараҳнӯш Беҳрӯз, соли таваллудаш 2020, сокини шаҳри Панҷакентро пахш кардааст. Дар натиҷа, хурдсол Каримзода Ф.Б. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Гирифтани 550 ҳазор сомонӣ бо роҳи қаллобӣ

25

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 47-солаи сокини шаҳри Бӯстон бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. Гумонбаршаванда моҳи декабри соли 2023 бо роҳи фиреб ба боварии марди 33-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, аз ӯ бо баҳонаи аз хориҷа оварда додани воситаҳои нақлиёти сабукрав 550 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъдаашро иҷро накарда, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дастгир гардидани ҷавони 22-сола бо ҷурми дуздии ҷавоҳирот

116

Ба ШВКД дар ноҳияи Ашт аризаи зани 29-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 10-уми июни соли 2024, тахминан соати 13:20-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз онҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 15 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 22-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button