МУҲОҶИРОНХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ДАР ПЕТЕРБУРГ МОДАРУ КӮДАКИ ТОҶИК АЗ ТИРЕЗАИ ҚАБАТИ СЕЮМИ БИНО АФТОДАНД

Дар маркази таърихии шаҳри Санкт-Петербурги Русия модари 25-сола ва кӯдаки сесолаи тоҷик аз қабати сеюми як бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Миллионная афтода, хушбахтона, зинда мондаанд. Вале вазъи саломатии ҳарду вазнин гуфта мешавад.

Бино ба иттилои нашрияҳои маҳаллӣ, аз ҷумла “КП-Петербург” ва “Петербург2”,  ин ҳодисаи нохуш рӯзи 12 июни соли 2024 рух дод. Зани 25-сола ҳамроҳи писари сесолааш ба пеши модараш ба меҳмонӣ омада буд. Кӯдак дар назди тиреза бозӣ карда, болои тӯри зидди хомӯшакҳо хам шудааст, вале тӯр ба вазни кӯдак тоб наоварда, канда шудааст. Дар натиҷа, кӯдак аз тиреза афтодааст ва модараш ҳавлона худро аз қафои тифлаш ба берун ҳаво додааст, то ки фарзандашро наҷот диҳад. Саранҷом кӯдак ба балкони қабати дуюми бино афтодааст.

Ҳоло ҳардуро дар реаниматсия (вазнинхона) бистарӣ кардаанд: кӯдакро дар бемористони ба номи Раухфус ва модарашро дар бемористони Мариинка. Бар асоси натиҷаҳои ташхис,  кӯдак осеби пӯшидаи косахонаву мағзи сар ва осеби миёнаи мағзи сар бардошта, устухони пешониаш шикастааст ва гирифтори пневмотсефалия шудааст, яъне ба мағзи сараш ҳаво даромадааст. Модари ӯро бо ҷароҳати кататравма (осеби аз баланди афтодан),  ҷароҳати сар ва сутунмуҳраи шикаста дар Мариинка бистарӣ кардаанд.

Тафсилоти дигари ин ҳодисаи нохуш дастрас нест.

Кӯчаи Миллионная  дар маркази таърихии шаҳри Петербург, дар қарибии соҳили дарёи машҳури Нева ва дар наздикии Қасри зимистона(Зимний дворец) ҷойгир шуда, ба ноҳияи Марказӣ дохил мешавад. Ин кӯча, ки то майдони назди Қасри зимистона ((Дворцовая площадь) мебарад, ҳанӯз дар солҳои аввали бунёди Петербург дар ибтидои асри 18 оғоз ёфта буд ва кӯчаи Миллионная яке аз қадимтарин кӯчаҳои ин шаҳр ба шумор меравад.

Ҳар сол дар мавсими тобистон аз гӯшаҳои гуногуни Русия дар бораи аз тиреза, аз ҷумла аз қабатҳои болоии биноҳои истиқоматӣ афтодани кӯдакон хабарҳо ба даст мерасанд. Мутаассифона, баъзан ин ҳодисаҳои нохуш бо марги тифлони маъсум меанҷоманд.

Дар гузашта аз Русия дар бораи аз тиреза афтодани чандин тифли муҳоҷирони тоҷик низ гузоришҳо ба даст расида буд.

Дар акси зер: кӯчаи Миллионная

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button