Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

МАРГИ 3 СОКИНИ ПАНҶАКЕНТ ДАР РОҲИ ВАРЗОБ ВА 2 САДАМАИ ДИГАР ДАР ХУҶАНДУ ВАҲДАТ

Ҳодисаҳои нақлиётии марговар дар роҳҳои кишвар

32

Субҳи 10-уми июни соли 2024, тахминан соати 06:40, ронандаи мошини тамғаи «Тойота-Королла», Умаров Шоҳмирзо Баҳронович, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд”, аз самти вилилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе, дар километри 32+860 шоҳроҳи ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба сутуни байни роҳи мошингард бархӯрдааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Умаров Ш.Б. ва мусофиронаш: Усмонов Муҳаммадалӣ Зафарович, соли таваллудаш 2004, , Худойқулова Санам Бердиевна, соли таваллудаш 1962, сокинони шаҳри Панҷакент, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофирони дигари мошини мазкур, Ғафуров Баҳодур Бобомуродович, соли таваллудаш 1994 ва Худойқулова Ҳамроой Бердиевна, соли таваллудаш 1965, сокинони ҳамон ҷо, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона бистарӣ гардидаанд.

Шаби 9-уми июни соли 2024, тахминан соати 22:40, ронандаи мошини тамғаи «Опел Зафира», Аминов Анвар Раҳимович, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҳамин шаҳр, баъди гузаштани чорроҳаи «Чашма» аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Сулаймонов Раҳматтулло Қурбонович, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Б.Ғафуровро пахш намудааст, ки дар натиҷа дучархарони мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

10-уми июни соли 2024, тахминан соати 10:55, ронандаи мошини тамғаи “Тойота-Кемри”, Файзалиев Саъдулло Зубайдуллоевич, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Ш.Шоҳин, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Норак ба самти шаҳри Ваҳдат, дар ҳудуди деҳаи Элоки шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ноболиғ Нурзода Муздалифа Мустақим, соли таваллудаш 2014, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Нурзода М.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Ифшо шудани дуздии маблағ

Ба ШВКД дар ноҳияи Роштқалъа бо ариза марди 31-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 9-уми июни соли 2024 шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба манзили истиқоматиаш даромада, аз дохили ҷевон 20 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани ҳолати қаллобӣ

78

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.

Гумонбаршаванда, моҳи августи соли 2022 дар маҳаллаи 33-юми шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 25-солаи сокини пойтахт даромада, барои аз нав барқарор намудан ба донишгоҳ аз ӯ дар 3 марҳила, дар умум 43 ҳазор сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button