ИқтисодТОҶИКИСТОН

ЛИМИТИ БАРҚ ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ БАЙН БУРДА ШУД. ВАЛЕ СУОЛ ИН АСТ, КИ ТО КАЙ?

Масъулони соҳаи барқи Тоҷикистон аз бекор шудани лимити нирӯи барқ дар кишвар хабар доданд. Бахтиёр Раҳматзода, муовини мудири кулли ширкати “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, масъули тақсимоти нерӯи барқ дар Тоҷикистон, ба хабаргузории русии “Спутник Тоҷикистон” гуфт, аз 7 майи соли 2024 тамоми маҳдудиятҳои интиқоли барқ дар кишвар лағв шудааст.

“Аҳолии кишвар ҳоло дар шабонарӯз 24 соат барқ дастрас мекунанд ва ҳеҷ гуна маҳдудият ё лимите вуҷуд надорад”, – гуфтааст Бахтиёр Раҳматзода.

Сокинон бо изҳори хушҳолӣ аз бекор шудани лимит боз ҳам нигаронанд, ки ин фаровонӣ оё то кай давом хоҳад кард ва оё тирамоҳу зимистони оянда пои номуборакашро дигарбора ба хоки Тоҷикистон нахоҳад монд?

Тоҷикистон чанд даҳсола боз бавижа дар фасли сармо ва аввалҳои баҳор ба камбуди шадиди нирӯи барқ рӯбарӯ мешавад ва ба аҳолӣ ва корхонаҳо дар шабонарӯз ҳамагӣ чанд соат барқ медиҳанд. Аммо имсол Тоҷикистон ба лимити барои дастикам 6 соли охир бесобиқа рӯбарӯ шуд.

Маҳдудиятҳо дар таъмини аҳолӣ бо нирӯи барқ дар кишвар ҳанӯз дар поёни моҳи сентябри соли 2023 ҷорӣ карда шуд, вале чанд моҳи аввал асосан манотиқи деҳотро фаро мегирифт. Аммо билохира пои номубораки лимити барқ баъди чандин моҳи тохтутозаш дар манотиқи деҳот, дар нимаи дуюми моҳи феврал ба шаҳрҳои Тоҷикистон, аз ҷумла ба пойтахташ, шаҳри Душанбе расид ва рӯзҳое ҳам буд, ки мардум соатҳо дар биноҳои бетонӣ дар шаҳрҳо нафақат бидуни нирӯи барқ монданд, балки обу гармӣ низ надоштанд.

Арвинд Гуҷрал, мудири кулли ширкати “Шабакаҳои тақсимоти барқ”,  моҳи март амр дода буд, ки дар моҳи Рамазон мардумро 4 соат субҳ ва 4 соат шом бо барқ таъмин кунанд, вале шикоятҳои зиёде ба даст мерасиданд, ки ҳатто ҳамин лимити шадид ҳам дар бисёр минтақаҳо пурра риоя намешавад ва мардум дар шабонарӯз ҳамагӣ аз як то се соат барқ мегиранд.

Мақомоти соҳаи энергетика танҳо дар поёни моҳи март як гуруҳи блогерҳои маъруфро ба нирӯгоҳи Норак бурда, тавассути онҳо ба мардум фаҳмонданӣ шуданд, ки гӯё сабаби лимити сахт кам шудани об дар обанбори ин нирӯгоҳ аст. Вале ин дар ҳолест, ки имсол соли чандон камбориш набуд ва қаблан дар бораи таҳдиди хатари камобӣ дар обанборҳои нирӯгоҳҳои Тоҷикистон аслан садо надода буд. Гузашта аз он, Фазлиддин Шоҳиддинов — мудири нирӯгоҳи “Норак” дар моҳи феврали соли 2024 дар нишасти матбуотиаш баракс гуфта буд ки: “Имсол нисбат ба соли гузашта сатҳи оби обанбор 3 метр зиёдтар аст”.

Дар ҳамин ҳол, мухолифин доираҳои фасодзадаи ҳукуматро ба фурӯши беинсофона ва имсол беш аз  ҳадди нирӯи барқ ба хориҷ ва асосан ба Афғонистони таҳти султаи Толибон айбдор мекарданд ва мегуфтанд, ҳамаи пули ин барқ ба таври пинҳонӣ фурӯхташуда ба минтақаҳои офшорӣ дар хориҷ ба ҳисобҳои бонкии чанд нафари алоҳида меравад. Мухолифин бар инанд, ки сабаби бебарқӣ дар кишвар ва ба 3 миллиард доллар расидани қарзи ширкати “Барқи Тоҷик” низ пинҳонӣ ва бидуни сабт дар ягон ҷо ба хориҷ фурӯхтани миллионҳо киловатт нирӯи барқ аст.

Бино ба омори расмӣ, Тоҷикистон соли 2023 ба хориҷ дар ҳаҷми 2,6 миллиард киловатт нирӯи барқ фурӯхтааст. Вале ин танҳо барқест, ки расман фурӯхта шудааст…

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button