ВидеоМУҲОҶИРОНҲодисаҶомеа

ДАР ПЕТЕРБУРГ РОНАНДАИ ТОҶИК БА МАРГИ 7 МУСОФИРИ АВТОБУС АЙБДОР МЕШАВАД (ВИДЕО)

Додгоҳи ноҳияи Октябри шаҳри Санкт-Петербурги Русия рӯзи 12 майи соли 2024 дархости тафтишотро қонеъ сохта, Раҳматшоҳ Қурбонови 44-соларо то 9 июл ба ҳабси пешакӣ гирифт. Қурбонов, ки зодаи Тоҷикистон ва шаҳрванди Русия буда, дар ширкати “Такси” ҳамчун ронандаи автобус кор мекард, бар асоси қисми панҷуми моддаи 264 Кодекси ҷиноятии Русия ба марги 7 мусофири автобус аз беэҳтиётӣ айбдор мешавад ва бар асоси ин банди қонун ба ӯ то 7 соли зиндон таҳдид мекунад. Айбнома ба зидди Раҳматшоҳ Қурбонов рӯзи 11 май эълон гардид.

Рӯзи ҷумъа, 10 май автобуси таҳти идораи ин ронандаи тоҷик бо 20 мусофир дар рӯи Пули бӯсаҳо (Поцелуев мост)  ба дарёи Мойка чаппа шуд ва дар натиҷа, 7 мусофир ҷон доданд.

Бино ба гузориши канали Хадамоти муштараки матбуоти додгоҳҳои Санкт-Петербург дар шабакаи Телеграм, Раҳматшоҳ Қурбонов дар ҷараёни бозпурсиҳо “аз кирдори худ, аз инки автобусро бо тормозҳои вайрон рондааст,  изҳори пушаймонӣ ва ба наздикони қурбониён изҳори ҳамдардӣ карда, аз онҳо узр пурсидааст. Қурбонов гунаҳкор будани худро ба гардан мегирад”.

Ба иттилои ин манбаъ, дар додгоҳ аз ронандаи тоҷик ду адвокат ҳимоят мекарданд ва як тарҷумон низ ҷалб гардида буд. Ҳамчунин маълум шуд, ки худи Раҳматшоҳ Қурбонов низ ҳанӯз соли 2005 донишгоҳро хатм карда, дипломи ҳуқуқшиносӣ доштааст.

Хадамоти матбуоти додгоҳҳои Петербург гуфт, тафтишот ба дархости ҳабси Қурбонов исрор варзид ва айбдоркунандаи давлатӣ низ дар мурофиа аз ин дархост пуштибонӣ кардааст. Аммо адвокатҳои Қурбонов хостори ба ҳабси хонагӣ фиристодани ӯ шуда аз ҷониби корфармо вайрон шудани ҳуқуқи меҳнатии Қурбоновро сабаби садамаи пурқурбонӣ номидаанд.

Адвокати аввал таъкид кардааст, ки дар парванда то ҳол натиҷаҳои ташхиси тормозҳои автобус нест ва агар маълум шавад, ки тормоз кор намекард, пас айб айби ронанда нест. Адвокати дуюм бо такя ба далелҳое, чун шаҳрвандии Русияро доштану қаблан суд нашудан, 3 фарзанд ва қарзи ипотека доштани Қурбонов ба интихоби чораи пешгирии сабуктар пойфишорӣ кардааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба хабарҳои расида, тафтишот низ ба фарзияи дар ин садамаи пурқурбонӣ айб доштани масъулони ширкати “Такси”, ки Қурбонов низ дар ҳамин корхона ронандаи автобус буд, бартарӣ медиҳанд. Қаблан ҳамсари Раҳматшоҳ Қурбонов изҳор дошт, ки шавҳараш як рӯз қабл аз ҳодиса 20 соати тамом кор карда буд ва соати дуи шаби 10 май аз кор ба хона баргашт, вале алакай соати 7:30, яъне ҳамагӣ баъди 5 соат аз ҷои кораш занг зада, бедораш кардаанд ва амр додаанд, ки ба кор барояд.

Рӯзи 12 май дар Петербург сардори автоколоннаи ООО “Такси”, ки дар ин корхона аз ҷумла барои тақсимоти кор ва истироҳати ронандагон ҷавобгар буд, боздошт гардид. Ба ӯ бар асоси қисми сеюми моддаи 238 Кодекси ҷиноятии Русия барои хидматрасониҳое, ки ҷавобгӯи қоидаҳои бехатарӣ нестанд ва боиси марги чанд нафар шуданд, то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Тафтишот мегӯяд, ба ронандаи автобуси чаппашуда дар давоми чандин рӯз вақти кофӣ барои истироҳат надодаанд. Ҳамчунин маълум шуд, ки ширкати “Такси” дар вақтҳои охир барои вайрон кардани қоидаҳои мусофиркашонӣ 23 маротиба ҷарима шуда буд ва маблағи ҷаримаҳояш ба 3,6 миллион рубл мерасад.

Дар видеоҳои аз ҷои ҳодиса, аз ҷумла аз дохили автобус нашршуда дида мешавад, ки автобуси таҳти идораи ронандаи тоҷик дар рӯи Пули бӯсаҳо ба таври ногаҳонӣ аз масири худ берун рафта, ба самти муқобил мебарояд ва чанд мошинро зада, сипас панҷараи пулро мешиканад ва ба дарё меафтад. Ронанда ва чанде аз мусофирон баъди чанд лаҳзае аз зери об мебароянд, вале ронанда дар чунон ҳолати шок афтода буд, ки чизеро намефаҳмид.

Чанд раҳгузар, аз ҷумла капитан, ё нохудои киштии сайругаштӣ ва се зодаи Доғистон ба кумак шитофта, мусофиронро аз автобуси зериобшуда берун кашиданд. Умар Кремлёв, раҳбари Федератсияи бокси Русия, ки ӯ ҳам зодаи Тоҷикистон аст, ба ҳар кадоми ин нафарон баъдан барои наҷоти одамон семиллионрублӣ мукофот дод.

Ин ҳодисаи фоҷиавӣ дигарбора ба деги сиёсатмаобони муҳоҷирбадбин дар Русия равған рехт. Раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин талаб кардааст, ки то куҷо ба таври қонунӣ шаҳрвандии Русияро гирифтани Раҳматшоҳ Қурбоновро тафтиш кунанд. Раҳбари ҳизби “Справедливая Россия” Сергей Миронов бошад бори дигар даъват кард, ки дар нақлиёти ҷамъиятӣ кор кардани муҳоҷиронро манъ кунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button