ДАР ВИЛОЯТИ ТУЛА ЯК ТОҶИК АЗ ҒОЯТИ РАШК ЯК ШИНОСИ ҲАМСАРИ РУСАШРО КОРД ЗАДААСТ

Додситонии минтақаи Узловскаяи вилояти Тулаи Русия тафтиши парвандаи як шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистонро ба анҷом расонда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба додгоҳи ноҳияи Узловая супоридааст. Хадамоти матбуоти додситонии вилояти Тула рӯзи 16 ноябри соли 2023 хабар дод, ки ин марди тоҷик бар асоси қисми дуюми моддаи 111 Кодекси ҷиноятии Русия ба расондани осеби вазнин ба саломатӣ, ки бо истифода аз корд анҷом шуда, ба ҳаёти ҷабрдида хатар эҷод кардааст, айбдор мешавад. Гуфта мешавад, ки ӯ аз ғояти рашк як ҷавони шиноси ҳамсари русашро корд задааст. Ба марди тоҷик барои ин кирдор бар асоси ин банди қонуни Русия ҳамчун ҷазо то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.
Худи муҳоҷири тоҷик, ки дар ҳабс қарор дорад, ҳамчунин наздикон ва адвокати ӯ барои шарҳи мустақими қазия дастрас нестанд, вале додситонии вилояти Тула мегӯяд, ки “айбдоршаванда иттиҳоми ба ӯ эълоншударо эътироф кард ва ба гардан гирифт”.