Минтақа ва ҶаҳонУмумӣХабарҳо

Лавров: Ҷанг дар Украинаро ИМА идора мекунад

Вазири корҳои хориҷии Русия дар шарҳи эҳтимоли интиқоли аслиҳаи нави зарбазан ба масофаи дур ба Украина гуфт, ИМА низоъро шиддат бахшида истодааст

 Новобаста аз он ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чӣ мегӯяд, амалан ҷанг дар Украинаро мудирият мекунад.

Ин нуктаро вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров, изҳор дошт. Ӯ афзуд, ки ИМА аз тариқи таъмини силоҳ алайҳи Русия меҷангад.

«Новобаста аз он ки Иёлоти Муттаҳида чӣ мегӯяд, онҳо ҷанги Украинаро идора мекунанд, силоҳ, муҳимот, иттилооти иктишофӣ медиҳанд»,- гуфт вай.

Суҳбатҳо дар бораи эҳтимоли интиқоли аслиҳаи нави зарбазан ба масофаи дур ба Украина дар ҳолест, ки қаблан аз таъмини силоҳи хӯшаӣ ва урандор ба Киев хабар дода шуда буд.

Русия эълон кард, ки ҳақ дорад, ба истифодаи бомбаҳои кассетӣ ё худ хӯшаӣ алайҳи худ, посухи ҳамчунинӣ диҳад.

Ҳамчунин Маскав интиқоли силоҳи урандорро ба Украина аз сӯи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико амали ҷиноӣ хонда буд.

Муовини вазири хориҷаи Русия Сергей Рябков аз оқибатҳои экологии истифодаи ин навъи силоҳ ҳушдор дод.

Ин на танҳо як иқдоми муташанниҷсоз, балки бозгӯи беэътиноии шадиди Вашингтон ба оқибатҳои экологии истифодаи ин навъи муҳимоти ҷангӣ дар минтақаи амалиёти ҷангӣ мебошад, гуфт дипломат.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button