ТОҶИКИСТОН

ДАР СЕ РӮЗИ МОҲИ ИЮН 7 КӮДАК ҒАРҚ ШУДААНД. ФАРЗАНДРО ЭҲТИЁТ КУНЕД!

ДАР СЕ РӮЗИ МОҲИ ИЮН 7 КӮДАК ҒАРҚ ШУДААНД. ФАРЗАНДРО ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 6 июни соли 2023 дар бораи ғарқ шудани боз ду ноболиғ хабар дод. Бо онки мавсими оббозӣ дар Тоҷикистон расман рӯзи 1 июн оғоз ёфт, танҳо тайи 3 рӯзи аввали моҳи июн алакай 7 ноболиғ дар обҳои Тоҷикистон ҷон бохтаанд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, сокини 14-солаи кӯчаи Ҳамзаалиеви шаҳри Хуҷанд рӯзи 3-уми июни соли 2023 тақрибан соати 14:35 дақиқа ҳангоми оббозӣ дар дарёи Сир ғарқ шудааст. Баъди дарёфти хабар имдодгарони Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар вилояти Суғд соати 14:50 ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, соати 15:20 ҷасади ноболиғро пайдо карданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориданд. Сабаби марги ӯ таҳқиқ мешавад.

Ҳамчунин як писари ноболиғи дигар аз деҳаи Тутаки ҷамоати деҳоти Ғаффор Мирзои ноҳияи Ховалинг ҳангоми оббозӣ дар обанбори оби заминҳои полезӣ ғарқ шудааст. Ӯ ҳамагӣ 13 сол дошт. Ҷасади ӯро соати 13:30 дақиқаи рӯзи 3-уми июн пайдо карда, ба волидонаш супурданд. Сабаби марги ноболиғ оббозӣ дар макони мамнӯъ ва беназоратии волидон гуфта шудааст…

Ба ҳисоби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, аз аввали соли 2023 дар кӯлу ҷӯю дарёҳои ҷумҳурӣ алакай 47 нафар ғарқ шудаанд. Аз ин шумор 26 нафарашро кӯдакону наврасони то синни 16 ташкил медиҳанд. Соли 2022 дар Тоҷикистон 160 нафар, аз ҷумла 80 кӯдаку навраси то синни 16 ғарқ шуда буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button