СиёсатТОҶИКИСТОН

БАРКАНОРИИ ПРОКУРОРИ ЁВОН БАРОИ “ЧАШМПӮШӢ” БА ҶИНОЯТҲОИ ЗАМИНФУРӮШӢ

БАРКАНОРИИ ПРОКУРОРИ ЁВОН БАРОИ “ЧАШМПӮШӢ” БА ҶИНОЯТҲОИ ЗАМИНФУРӮШӢ

Маҳмуд Шарифзода, додситони ноҳияи Ёвон барои «чашмпӯшӣ» ба мавридҳои «ғасбу фурӯши замин» аз мақом барканор шудааст.

Фармонро ҳафтаи гузашта Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон содир кардааст ва ду манбаи огоҳи Радиои Озодӣ рӯзи 6-уми июни соли 2023 гуфтаанд, ки фаъолияти Маҳмуд Шарифзодаро як комиссияи Додситонии кул таҳқиқ мекунад.

Ба гуфтаи онҳо, дар ноҳия даҳҳо мавриди «истифодаи ғайриқонунии замин» ошкор шудааст, ки додситонии Ёвон ҳамчун ниҳоди нозири риояи қонунҳо ба онҳо чашм пӯшидааст.

Маҳмуд Шарифзода ва наздиконаш барои шарҳи ин қазия ҳанӯз дастрас нестанд.

Аммо дар сомонаи расмии Додситонии кулли Тоҷикистон номи Маҳмуд Шарифзода бо аксаш то ба ҳол ба унвони прокурори ноҳияи Ёвон истодааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button