ВарзишЧеҳраҳо

НАБАРДҲОИ НАХУСТИНИ БОЗ ДУ ТОҶИК ДАР UFC: ПИРӮЗИИ МУҲАММАД НАИМОВ БО НОКАУТ ВА БОХТИ МУИН–ТОҶИК

НАБАРДҲОИ НАХУСТИНИ БОЗ ДУ ТОҶИК ДАР UFC: ПИРӮЗИИ МУҲАММАД НАИМОВ БО НОКАУТ ВА БОХТИ МУИН–ТОҶИК

Шаби 3 ба 4 июни соли 2023 дар шаҳри Лас-Вегаси аёлати Невадаи Амрико нахустин набарҳои боз ду размандаи тоҷик: Муҳаммад Наимов ва Муин Ғафуров дар майдони UFC (Ultimate Fighting Championship), мӯътабартарин лигаи ҷаҳонии варзиши ҷангҳои бидуни қоида (ММА) доир шуд.

Муҳаммад Наимов набарди аввалини худро бо пирӯзии мутлақу бечунучаро анҷом дод: Муҳаммад алакай дар поёни даври дуюми набард рақиби ҳамсолаш аз Австралия Ҷейми Малларкиро бо як ҳук ё зарбаи сахт аз тарафи рост ба нокаут фиристод ва нафақат пирӯзии пеш аз муҳлатро ба даст овард, балки набарди ӯ “Беҳтарин набарди шаб” дониста шуда, ба Муҳаммад 50 ҳазор доллар ҷоизаи иловагӣ ҳам овард. Чунин ҷоизаро ба ҷуз аз варзигкори тоҷик боз ба размандаи амрикоӣ Ҷим Миллер доданд, ки ӯ ҳамватанам Ҷессе Батлерро алакай дар сонияи 23-юми даври аввали набард ба нокаут фиристода буд.

Мутаассифона, кори размандаи дуюм аз Тоҷикистон Муин Ғафуров, маъруф ба Муин-Тоҷик, имшаб дар мусобиқаи UFC Vegas 74 дар Лас-Вегас омад накард. Муин-Тоҷик, ки тоза чанд рӯз пеш – 17 май — ба синни 27 расид, набарди аввалинашро бохт. Ин ки Муин-Тоҷик бо UFC қарордод бастааст, ҳамагӣ як ҳафта пеш маълум шуд. Ба ӯ пешниҳод карданд, ки ба ҷои Матеус Мендонке ба зидди Ҷон Кастанедаи амрикоӣ ба майдон барояд. Муин ҳамаи се даври набард хуб ҷангид, вале дар ниҳоят ҳакамон якдилона пирӯзиро ба рақиби амрикоии ӯ доданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button