МУҲОҶИРОН

МУҲОҶИРИ ТОҶИКИ АЗ РУСИЯ ИХРОҶШУДАРО БА ҶОИ ТОҶИКИСТОН БА ҶАНГИ УКРАИНА МЕФИРИСТАНД

МУҲОҶИРИ ТОҶИКИ АЗ РУСИЯ ИХРОҶШУДАРО БА ҶОИ ТОҶИКИСТОН БА ҶАНГИ УКРАИНА МЕФИРИСТАНД

Пойгоҳи хабарии “Холод” хабар дод, ки мақомоти қудратӣ, дар ноҳияи Кингисеппи вилояти Ленинград, воқеъ дар канори шаҳри Санкт-Петербурги Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро маҷбуран ба ҷанги зидди Украина фиристода истодаанд. Шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон Далерҷон ба «Холод» нақл кардааст, ки кормандони ГАИ мошини Далерҷонро санаи 4-уми майи соли 2023 дар ноҳияи Кингисеппи вилояти Ленинград манъ намуда, пас аз тафтиши ҳуҷҷатҳо муайян мекунанд, ки Далерҷон ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои иқомат дар Русияро надорад. Аллакай пас аз як рӯз, дар санаи 5-уми май, додгоҳи Кингисепп Далерҷонро аз рӯи қисми 3-и моддаи 20.25 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия айбдор дониста, 3 ҳазор рубли русӣ ҷарима баст ва ҳамзамон ҳукми ихроҷ ё депортатсияаш аз Русияро низ содир кард.

Ин шаҳрванди Тоҷикистонро муддати 25 рӯз дар боздоштгоҳ нигоҳ дошта, баъдан маҷбур мекунанд, то ба як коғаз имзо кунад. «Пас аз имзо мондан кормандони комиссариати ҳарбӣ ба назди ман ба боздоштгоҳ омаданд. Ҳол он ки ман ҳар рӯз мегуфтам, ки ба ҷанг намеравам, вале онҳо дар ниҳоят маро ба ҷанг фиристоданд», — нақл кардааст Далерҷон ба «Холод».

Санаи 30-юми май Далерҷон ва чанд хориҷии дигарро аз ҳамон боздоштгоҳи хориҷиҳо ба як қисми ҳарбии воқеъ дар вилояти Ленинград интиқол додаанд. Ҳангоме ки Далерҷон дар қисми ҳарбӣ ба масъулини он мефаҳмонад, ки ба ҷанг рафтан намехоҳад, балки мехоҳад ба Тоҷикистон баргардад. Ӯ мегӯяд, ки бо хоҳиши худ ба инҷо наомадааст ва ҳе ҷгуна шартномаеро ҳам имзо накардааст. Вале дар ҷавоб ба ӯ мегӯянд, алакай ҳама чиз ҳал ва тамоми ҳуҷҷатҳо имзо шудаанд ва акнун ту танҳо пас аз зиндон нишастан метавонӣ ба ватанат баргардӣ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button