Ҷомеа

ДАРГУЗАШТИ ХОЛАИ ФОТИМА, КИ БО ЛАҲҶАИ ШИРИНИ ДАРВОЗИАШ ПРЕЗИДЕНТРО БА ВАҶД ОВАРДА БУД

ДАРГУЗАШТИ ХОЛАИ ФОТИМА, КИ БО ЛАҲҶАИ ШИРИНИ ДАРВОЗИАШ ПРЕЗИДЕНТРО БА ВАҶД ОВАРДА БУД

Фотима Сулаймонова, як зани хонашин, вале хеле хушсавод аз деҳаи Зинги ноҳияи Дарвоз, ки соли 2021 бо лаҳҷаи ширини дарвозӣ президент Эмомалӣ Раҳмонро ҳангоми мулоқоташ бо фаъолони Дарвозу Ванҷ мафтун карда буд, рӯзи 2 июни соли 2023 дар синни 67 аз олам чашм пӯшид. Даргузашти холаи Фотимаи Дарвозиро бо нашри чанд байти пурсӯз дар Фейсбук бародари ӯ Раҳимҷон Хушқадамов низ тасдиқ кард:

Ҳама чор хоҳарат дар чор сӯят,

Бародарҳо ба бар чун ҳарду рӯят.

Мани зори ғариб танҳои танҳо ,

Ба ҳарсӯ медавам бо ёди бӯят .

Почобибӣ Абдуллозода, муовини раиси ноҳияи Дарвоз ба сомонаи “Оила” иттилоъ дод, ки холаи Фотима аз ноҳияи Дарвоз ба шаҳри Душанбе омада, рӯзи 2-юми июн дар инҷо фавтидааст. «Тибқи баъзе хабарҳо фишори хунаш баланд шудааст», — гуфтааст муовини раиси ноҳияи Дарвоз.

Бори аввал номи ин зани ширинсухан ду сол пеш баъди як изҳори назараш дар бораи дигаргун шудани симои Душанбе дар барномаи “Муждаи дай” – и телевизиони Тоҷикистон вирди забонҳо шуд. Навори кӯтоҳи суханони ӯ, ки бо лаҳҷаи ширини Дарвоз мегуфт, “Душанбе ранги Париж шиай”, дар Интернет паҳн шуд ва маҳз баъди ҳамин қабл аз сафари президент ба суроғи холаи Фотима омадаанд, ки дар назди Эмомалӣ Раҳмон низ бадоҳатан бо ҳамин лаҳчааш суҳбат кунад.

Баъди ин суханронӣ, ки 27 сентябри соли 2021 дар ҷараёни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони Дарвозу Ванҷ сурат гирифт, аз ҳукумати ноҳия ба холаи Фотима ду гови ҷӯшо туҳфа карда буданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button