Хабарҳо

АЗ 1 ИЮН ҲАРАКАТИ НАҚЛИЁТИ ВАЗНИН ДАР РОҲИ ДУШАНБЕ–ХУҶАНД–ЧАНОҚ МАҲДУД ГАРДИД

АЗ 1 ИЮН ҲАРАКАТИ НАҚЛИЁТИ ВАЗНИН ДАР РОҲИ ДУШАНБЕ–ХУҶАНД–ЧАНОҚ МАҲДУД ГАРДИД

Филиали ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон, ки тибқи шартномаи консессионӣ бо ҳукумат масъулияти пулчинӣ ва нигоҳубини шоҳроҳи Душанбе–Хуҷанд–Чаноқро бар дӯш дорад, хабар дод, ки аз 1 июни соли 2023 то 31 август, ҳар рӯз аз соати 10:00 то соати 19:00 дар ин шоҳроҳи ягонаи байни вилояти Суғд ва маркази ҷумҳурӣ дар роҳи ҳаракати воситаҳои нақлиёт маҳдудият ҷорӣ карда мешавад.

Ширкат гуфт, ин маҳдудият ба воситаҳои нақлиёти гаронвазн дахл дошта, ба ҳар як тири пешбаранда на зиёда аз 6 тонна пешбинӣ шудааст.

“Икдоми мазкур ҷиҳати иҷрои талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷорӣ намудани маҳдудияти мавсимии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои истифодаи умум» амалӣ шуда, ҷиҳати эмин нигоҳ доштани роҳ аз вайроншавии пеш аз муҳлат ва таъмини бехатарии мусофирону ронандагон ва воситаҳои нақлиёт шароит фароҳам меорад”, – гуфта мешавад дар иттилоияи ширкат.

Ширкат гуфт, ба сабаби аз ҷониби баъзе ронандагон риоя нагардидани талаботи мавҷуда, ки ба ҳамлу нақли бор тавассути мошинҳои гаронвазн дахл дорад, зарурати таъмири куллии аксар минтақаҳои роҳи Душанбе-Чаноқ ба миён омадааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button