АЗ ЯК ҶАНГАЛЗОР ДАР РУСИЯ ҶАСАДИ ДУ ЗАНИ ТОҶИКИ КУШТАШУДАРО ЁФТААНД

АЗ ЯК ҶАНГАЛЗОР ДАР РУСИЯ ҶАСАДИ ДУ ЗАНИ ТОҶИКИ КУШТАШУДАРО ЁФТААНД
Дар Интернет сабти видеоие нашр шудааст, ки бино бар он, рӯзи 30 майи соли 2023 дар ҷангалзоре дар канори яке аз шаҳрҳои Русия ҷасади ду зани тоҷикро пайдо кардаанд. Дар ин бора хабари расмие нашр нашудааст, вале бархе хабар додаанд, ки ин ҳодиса дар канори шаҳраки Котелники, маконе, ки аз 18 май ба ин тараф ба мавҷи рейдҳои густардаи ОМОН ба зидди муҳоҷирони тоҷик табдил ёфтааст, рух додааст.
То кунун мақомоти расмӣ, аз ҷумла сафорати Тоҷикистон дар Маскав, ин сабти видеоиро шарҳ надодаанд, вале дар видео, ки зоҳиран аз тарафи як ҷавони тоҷик сабт шудааст, лаҳзаи аз даруни ҷангал баровардану бурдани дастикам як ҷасад нишон дода мешавад. Дар навор як зан ба тоҷикӣ мепурсад ки: “Куштанд?” Наворбардор ба русӣ ҷавобаш медиҳад ки: “Умер”. Дар идомаи навор дар ҳоле ки кормандони пулис ва санитарҳо ҷасадро дар даруни кленка печонда, бо худ мебурданд, чанд нафар асли ҳодисаро мепурсанд ва наворбардор ба русӣ ба онҳо ҷавоб медиҳад ки: “Это две женщины из Таджикистана. Они погибли на месте” (“Инҳо ду зан аз Тоҷикистонанд. Ҳарду дар ҷои ҳодиса ҷон додаанд”).
Ягон тафсилоти дигари ин ҳодиса маълум нест. Ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” ҳанӯз муяссар нашудааст, ки кай ва дар куҷои Русия ёфт шудани ҷасадҳоро дақиқ кунад. Вале онҳое, ки ин видеоро нашр кардаанд, мегӯянд, ҳодиса рӯзи 30 май дар ҷангалзоре дар наздикии шаҳраки Котелники рух додааст.