ТАФСИЛОТИ ҚАТЛИ ДОКТОР АКРАМОВ АЗ СӮИ ПУЛЧИНАКИ МАРШРУТКАИ №28

ТАФСИЛОТИ ҚАТЛИ ДОКТОР АКРАМОВ АЗ СӮИ ПУЛЧИНАКИ МАРШРУТКАИ №28
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон шоми 31 майи соли 2023 дар нашри навбатии барномаи “Ахбори ВКД” хабари ду рӯз пеш нашркардаи пойгоҳи хабарии “Бомдоди” дар бораи аз тарафи пулчинаки як маршрутка кушта шудани табиби беморхонаи “Истиқлол” Муҳаммадалӣ Акрамовро тасдиқ кард ва гуфт, нафари муттаҳам – навраси 17-солаи сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. В Бино ба фарзияи мақомот, рӯзи 19 майи соли 2023, тахминан соати 14:40, ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи Сино дар роҳи деҳаи Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ бо Акрамов Муҳаммадалӣ, соли таваллудаш 1963, сокини шаҳри Душанбе ва табиби беморхонаи “Истиқлол”, баҳсу мунозира карда, бо истифода аз зӯроварӣ бо мушт ба рӯи Акрамов як зарба задааст, ки дар натиҷа, Акрамов ба замин афтода, сараш ба бетон бархӯрдааст.
Худи ин наврас ҷараёни ҳодисаро чунин нақл кард: “Дар истгоҳи Чоряккорон манъ карданд. Се кас буд. Дуяш дар қафо нишастанд. Ҳамон мардак гуфт, ки ман дар пеш мешинам. Гуфтам, ки амакӣ, пеш маҳкам аст, аз қафо бишин. Барои ҳамин қадар гап дарро пӯшиду очаатро фалон кунам гуфт. Баъд маро ҳам сарам вайрон шуд, фаромадам, як мушт дар бари рӯяш задам, ки ғалтид. Баъд дидам, ки аз сараш хун рехта истодааст, гирифтем, дар маршрутка бораш кардем ва зуд ба беморхона бурдемаш…”
Акрамов рӯзи 28 май бар асари ҷароҳатҳои вазнини барои ҳаёт ва саломатӣ хатарнок дар бемористон ҷон дод.