НОМ БА НОМ: ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ЯК РӮЗ 5 САФИР ВА РАҲБАРИ ЯК АГЕНТИРО ИВАЗ КАРД

НОМ БА НОМ: ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ЯК РӮЗ 5 САФИР ВА РАҲБАРИ ЯК АГЕНТИРО ИВАЗ КАРД
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 31 майи соли 2023 бо фармонҳои худ ва қарорҳои ҳукумат ду муовини вазири корҳои хориҷиро ба сабаби сафир таъйин шуданашон ва 5 сафирро ба сабаби ба нафақа рафтан ё ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод кард.
Аз ҷумла Ҳақдод Маҳмадшариф Маҳмуд бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Беларусу мақомоти СНГ ва кишварҳои соҳили Балтику Финландия озод карда шуда, ба ҷои ӯ Сафарзода Бахтовар Амиралӣ феълан танҳо сафир дар Беларус таъйин гардид.
Ҳамин тавр, Раҳматуллозода Эркинхон, ки ахиран ба синни 70 расид, бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Белгияву Ҳолланду Люксембург (Бенилюкс) ва Иттиҳоди Аврупо ва НАТО озод карда шуда, ба ҷои ӯ Ҳусейнзода Музафар Маҳмурод феълан сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар Шоҳигарии Белгия таъин шуд. Музаффар Ҳусейнзода то имрӯз муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон буд.
Се сафири дигар “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” озод карда шуданд, вале ба кадом “кори дигар” гузаштанашон ҳанӯз эълон нашудааст.