МАРГИ КӮДАКИ ЧОРСОЛА ДАР САДАМА, ҚАЛЛОБӢ БО “ТОЙОТА” ВА ДУЗДИИ МӮСАФЕД ДАР ИСФАРА

МАРГИ КӮДАКИ ЧОРСОЛА ДАР САДАМА, ҚАЛЛОБӢ БО “ТОЙОТА” ВА ДУЗДИИ МӮСАФЕД ДАР ИСФАРА
30-юми майи соли 2023, тахминан соати 08:25-дақиқа, ноболиғ Раҳмонов Исо Мирзошарипович, соли таваллудаш 2007, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» ҳангоми ҳаракат дар роҳи деҳаашон бо суръати баланд ронда аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба хоначаи насоси обкашонии канори роҳ бархӯрда, ба дохили дарё чаппа шудааст.Дар натиҷа мусофири автомашинаи мазкур ноболиғ, Раҳмонов Мустафо Муҳаммадиевич, соли таваллудаш 2019, сокини ҳамон ҷо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
хххххххххх
Ба ШВКД-1 дар шаҳри Исфара аризаи зани 63-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 21-уми майи соли 2023, тахминан соати 09:30-дақиқа ҳангоми дар бозори «Навбаҳор»-и шаҳри Исфара қарор доштанаш, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз дохили ҷузвдонаш, 5 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 65-солаи сокини ҳамин шаҳр бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.