МУҲОҶИРОН

ФУТБОЛ БОЗӢ ДОШТАНД… БОЗДОШТИ ДАҲҲО МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР ЯК ВАРЗИШГОҲ ДАР МАСКАВ

ФУТБОЛ БОЗӢ ДОШТАНД… БОЗДОШТИ ДАҲҲО МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР ЯК ВАРЗИШГОҲ ДАР МАСКАВ

Ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” сабти видеоии рейди навбатии пулис ба зидди муҳоҷирони тоҷик дар як варзишгоҳ дар канораҳои ғарбии шаҳри Маскавро фиристоданд. Нирӯҳои пулис ба варзишгоҳ замоне фурӯ рехтанд, ки муҳоҷирон футбол бозӣ доштанд.

Дар сабти видеоӣ дида мешавад, ки кормандони пулис ба гунаи таҳқиромез муҳоҷиронро маҷбур мекунанд, ки дар рӯи сабза рӯ ба замин бихобанд ва дастҳояшонро дар пушти сар бигиранд. Пулис онҳоеро ки сари вақт ин амрро иҷро накарданд, бо шатта бераҳмона ба шикаму пушт ва ҳатто ба рӯяшон бо шатта мезад. Сабт бо лаҳзаи низ таҳқиромези тақрибан 40 ило 50 муҳоҷирро пушти ҳам қатор кардану аз варзишгоҳ ба шуъба бурдани пулис ба поён мерасад.

Ба гуфтаи муҳоҷирон, ин рейд рӯзи истироҳати 27 майи соли 2023 дар варзишгоҳи воқеъ дар кӯчаи Беловежская дар наздикии шоҳроҳи Можайское дар ғарби Маскав сурат гирифтааст. Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, як сокини маҳаллӣ ба пулис шикоят кардааст, ки гӯё муҳоҷирон ба варзишгоҳ омада, як гуруҳи наврасони маҳаллиро аз он ҷо пеш карда, варзишгоҳро соҳиб шудаанд ва худашон онҷо футбол бозӣ кардаанд. Ин иддао дар ниҳоят исбот нашуд, вале баҳонае шуд барои ҳаром кардани истироҳати тақрибан 50 муҳоҷире, ки дар варзишгоҳ ҷамъ шуда буд.

Дар рӯзҳои охир аз шаҳрҳои гуногуни Русия дар бораи афзоиши рейдҳо ба зидди муҳоҷирони тоҷик хабарҳо ба даст мерасанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button