Хабарҳо

ДАР СУҒД СОҲИБИ ЯК ФЕРМАИ ХУКРО БАРОИ ИФЛОС КАРДАНИ ОБУ ЗАМИН ҶАРИМА БАСТААНД

ДАР СУҒД СОҲИБИ ЯК ФЕРМАИ ХУКРО БАРОИ ИФЛОС КАРДАНИ ОБУ ЗАМИН ҶАРИМА БАСТААНД

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд хабар дод, ки Темиров Я.А. ном соҳибкори хукпарварро дар ҷамоати Ёвари ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҷурми бо поруи хук ифлос кардани оби Сирдарё ва заминҳо ба маблағи 11 ҳазор 263 сомонию 94 дирам ҷарима баста, ба зиддаш парвандаи ҷиноятӣ ҳам кушодаанд.

Бино ба иттилои ин ниҳод, “ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратии муштарак бо додситонии ноҳияи Б.Ғафуров аз тарафи нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Сарраёсат ҳолати ифлосшавии манбаъҳои обӣ ва замин бо поруи хук аз фаъолияти фермаи хукпарварӣ, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров, деҳаи Боғи боло ошкор гардид. Маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, маълумотномаи Стансияи таҷрибавии хокшиносию мелиоративии Суғд, инчунин санади азназаргузаронӣ ва ҳисоби зарари ба табиат расонидашуда аз тарафи соҳибкори инфиродӣ Темиров Я.А. барои чораҷӯӣ ва қабули қарори қонунӣ ба додситонии ноҳияи Б.Ғафуров пешниҳод карда шуд. Дар натиҷа нисбат ба соҳибкор парвандаи ҷиноӣ бар асоси моддаҳои 226, 228 -и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудa, барои худсарона истифода бурдани обҳои рӯизаминӣ бе иҷозати истифодабарии махсуси об ва ифлос намудани замин бо пору нисбат ба гунаҳгор 11 ҳазору 263,94 сомонӣ маблағи зарар пешниҳод ва он ба пуррагӣ ба манфиати давлат ситонида шуд”. Бар иловаи ин ҷарима, ба соҳибкор Темиров Я.А. дар чорчӯби парвандаи ҷиноятии нисбаташ бозшуда бар асоси моддаи 226 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои ифлос кардани об ҳамчун ҷазо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ва бар асоси моддаи 228 барои хароб кардани замин ҷарима ба андозаи аз 500 то 800 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол таҳдид мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button