Хабарҳо

БОЗДОШТИ СОКИНИ ВОСЕЪ БАРОИ БАДРАФТОРӢ НИСБАТ БА ҲАМСАРИ СОБИҚ ВА ФАРЗАНДИ Ӯ

БОЗДОШТИ СОКИНИ ВОСЕЪ БАРОИ БАДРАФТОРӢ НИСБАТ БА ҲАМСАРИ СОБИҚ ВА ФАРЗАНДИ Ӯ

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 30 майи соли 2023 хабар дод, ки як зани сокини шаҳри Душанбе ба мақомоти милитсия муроҷиат намудааст, то ки нисбати собиқ шавҳараш чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад, зеро номбурда пайваста ӯро дашному ҳақорат намуда, мавриди озор қарор медодааст.

Дар натиҷаи санҷиш аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Илҳомҷони Саъдулло, санаи таваллудаш 01.01.1991, зодаи ноҳияи Восеъ, ҷамоати деҳоти Анористон, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, маҳаллаи Навбаҳор дастгир карда шуд.

Милитсияи Душанбе мегӯяд, гарчанде аз ҷониби кормандони милитсия нисбати Илҳомҷони Саъдулло қаблан ду маротиба барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маъмурӣ татбиқ шуда бошад ҳам, вале ӯ кирдорҳои зиддиҳуқуқии худро ислоҳ накарда, такроран санаи 27-уми майи соли ҷорӣ, тақрибан соати 15:00, дар ҳолати мастӣ, ҳангоми дар маҳаллаи Сомон қарор доштанаш, собиқ ҳамсари худро дашному ҳақорат намуда, шаъну шарафашро дар назди атрофиён паст задааст.

Айни замон, вобаста ба ҳолати мазкур маводи зарурӣ тартиб дода шуда, бо мақсади ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб намудани Илҳомҷони Саъдулло, мавриди санҷиши пешакӣ қарор дорад.

Ҳамсари собиқи ин мард ахиран сабти дашному таҳқирҳои ӯро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карда, аз мардум ва мақомот кумак ва ҳимоят хоста буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button