Минтақа ва Ҷаҳон

WSJ: ХИТОЙ ХОСТОРИ БА РУСИЯ ДОДАНИ ВИЛОЯТҲОИ ҒАСБШУДАИ УКРАИНА ШУДААСТ

WSJ: ХИТОЙ ХОСТОРИ БА РУСИЯ ДОДАНИ ВИЛОЯТҲОИ ҒАСБШУДАИ УКРАИНА ШУДААСТ

Pӯзномаи амрикоии The Wall Street Journal (WSJ) бо такя ба манобеи худ навиштааст, ки намояндаи вижаи Хитой дар умури Авруосиё Лӣ Хуэй аз кишоварҳои аврупоӣ даъват намудааст, то дар Украина оташбас фавран эълон намуда, ҳамчун муомила минтақаҳои аз сӯи артиши Русия ғасбшудаи Украинаро ба Русия бидиҳанд. Вале ба гуфтаи манобеи нашрияи амрикоӣ, мансабдорони аврупоӣ гуфтаанд, то замоне ки артиши Русия дар хоки Украина қарор дорад, сухан аз сулҳ ғайри қобили қабул аст. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати рӯзнома, ки аз ҷузъиёти гуфтушунид бо фиристодаи Хитой огоҳ будааст, «назари Чин ин аст, ки Русия набояд дар ҷанг мағлуб гардад, вагарна дар ҳолати бохт, аз силоҳи ҳастаӣ кор мегирад».

Пас аз гуфтушунид бо намояндаи махсуси Хитой мансабдорони баландпояи аврупоӣ ба хулосае омадаанд, ки «Чин хеле назари мушобеҳ бо Маскав дорад». Аз ин лиҳоз онҳо гумон намекунанд, ки Чин ҳамчунин кишвари миёнарав дар раванди музокирот ва сулҳ байни Украина ва Русия нақши бетарафона дошта бошад. Бино ба бовари аврупоиҳо, «барои кӯтоҳмуддат хомӯш кардани алангаи оташи ҷанг дар Украина ба нафъи ҷомеаи ҷаҳонӣ хотима намеёбад. То замоне ки артиши Русия дар хоки Украина ҳузур дорад, ин як таҳдид барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳисоб мешавад. Аз ин рӯ, Аврупо то ҳадди имкон аз Украина пуштибонӣ хоҳад намуд».

Дар ҳамин ҳол, пас аз интишори маводи WSJ вазири корҳои хориҷии Украина Дмитрий Кулеба навишт, ки «ҳайъати фиристодаи Хитой, ки аз Украина, Русия ва кишварҳои Аврупо дидор ба амал овард, ба Русия додани хоки Украинаро талаб накардааст».

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button