ЯК ПАДАРИ ҶОҲИЛ ДАР НОҲИЯИ ҶОМӢ ЗАНУ ДУХТАРИ ХУДАШРО ЧАНД КОРД ЗАДААСТ

ЯК ПАДАРИ ҶОҲИЛ ДАР НОҲИЯИ ҶОМӢ ЗАНУ ДУХТАРИ ХУДАШРО ЧАНД КОРД ЗАДААСТ
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани боз як ҳолати сӯиқасд ба куштори зану фарзанд аз ҷониби падари ҷоҳил хабар дод.
Бино ба иттилои расмӣ, аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини ноҳияи А.Ҷомӣ бо гумони сӯиқасди одамкушӣ дастгир карда шуд.
“Номбурда, 24-уми майи соли 2023, тахминан соати 14:30- дақиқа, дар манзили истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо корди ошхонагии дар дасташ буда, ду маротиба ба бадани ҳамсараш, зани 36-солаи сокини ҳамон ҷо зада, боз бо ин қаноат накарда, бо корд ба узвҳои муҳими бадани духтари ноболиғи 12-солааш якчанд маротиба задааст. Дар натиҷа, ҳамсараш ва духтари ноболиғаш, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар шуъбаи эҳëгарии беморхона бистарӣ гардидаанд”, гуфта мешавад дар иттилоия.
ВКД дар бораи ин ҳодиса ва сабабҳои қасди ҷони зану фарзанди худаш кардани ин марди ҷоҳил тафсилоти дигар надода, танҳо гуфтааст, ки оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи куштор ва қасди куштори хешовандони наздик, аз ҷумла ҳамсарон аз дасти шавҳаронашон хабарҳо зиёд ба даст мерасанд. Куштор ё қасди куштори ҳамсарон аз дасти шавҳарон, тавре аз натиҷаҳои тафтишот бармеояд, асосан дар заминаи рашк сурат мегиранд.