Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Яке аз захмиёни таркиши Панҷ даргузашт

Яке аз осебдидагони таркиши зарфи газ дар ноҳияи Панҷ фавтид. Пизишкон вазъи саломатии чор захмии дигарро вахим мегӯянд.

Як масъули ҳукумати ноҳияи Панҷ ба Радиои Озодӣ гуфт, Каромат Умедоваи 43-сола, шаби 25 ба 26-уми май ҷон дод. Дар Беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ ҳам хабарро тасдиқ карданд. Пизишкони бемористон мегӯянд, чанде аз осебдидагонро ба шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар фиристодаанд.

Рӯзи 20-уми май дар як нуқтаи омода кардани хӯрокҳои зудтайёр дар маркази ноҳияи Панҷ зарфи гази моеъ таркид. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби ин таркишро «риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми пур намудани балони гази моеъ» унвон карда аст. Масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода гуфтанд, зарфи газ куҳна буд ва онро беш аз меъёр пур карда буданд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, дар ин ҳодиса 28 нафар ҷароҳат бардоштаанд, ки ду нафарашон ноболиғ ҳастанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button