МУҲОҶИРОН

ВОКУНИШИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА БА ЛАТТУКӮБИ 100 ДОНИШҶӮИ ТОҶИК ВА РЕЙДИ ЗИДДИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР КОТЕЛНИКИ

ВОКУНИШИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА БА ЛАТТУКӮБИ 100 ДОНИШҶӮИ ТОҶИК ВА РЕЙДИ ЗИДДИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР КОТЕЛНИКИ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 26 майи соли 2023 бо нашри як иттилоияи вижа дар сомонаи расмиаш хабар дод, ки “вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро вобаста ба лату кӯб ва шиканҷа шудани беш аз сад нафар донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи давлатии шаҳри Комсомолски лаби дарёи Амур дар кишвари Хабаровски минтақаи Шарқи дури Русия ва рейди мақомоти Русия ба зидди муҳоҷирони тоҷик дар шаҳраки Котелники дар канори Маскав ва дар дигар шаҳрҳо ба вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия генерали политсия Колоколтсев В.А. барқия ирсол намуда, хоҳиш кард, ки ҷиҳати холисона баррасӣ намудани ҳодисаҳои мазкур ва таҳти назоратбарӣ қарор додани онҳо мусоидат намояд”.

Вазорат хотиррасон кардаааст, ки рӯзи 19 май мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти Федератсияи Россия донишҷӯёнро дар шаҳри Комсомолски лаби Амур субҳ ҳангоми хоб буданашон рейд намуда, ба онҳо бераҳмона бархӯрд карда, онҳоро ба боздоштгоҳ бурдаанд. Бино ба иттилои ВКД Тоҷикистон, оид ба ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти дахлдори Русия тафтишот идома дорад.

Тавре ба назар мерасад, мавҷи фишору таъқиби шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳрҳои гуногуни Русия мояи нигаронии мақомоти Душанбе шудааст. ВКД дар ин авохир инак дастикам сеюмин ниҳоди давлатии Тоҷикистон аст, ки ба мавзӯи мавҷи ахири таъқибу фишор болои муҳоҷирони тоҷик дар Русия вокуниш мекунад.

Рӯзи 24 май вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар як иқдоми дар равобити Душанбеву Маскав камсобиқае сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григоревро дар робита ба муносибати бераҳмона нисбат ба беш аз 100 донишҷӯи тоҷик дар Донишгоҳи давлатии Комсомолски лаби Амур ва дигар ҳодисаҳои марбут ба таъқиби шаҳрвандони тоҷик дар Русия ба вазорат даъват карда, таъкид кардааст, ки “чунин ҳодисаҳо ба рӯҳи муносибатҳои шарокати стратегӣ ва иттифоқии Тоҷикистону Россия муносиб набуда, метавонанд ба талошҳои ҷонибҳо баҳри рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи маориф зиён расонанд”.

Дар урфи дипломатӣ маъмулан сафири як кишварро дар сурати хеле норозӣ будани тарафи мизбон аз амалҳои ин сафорат ё давлате, ки он намояндагӣ мекунад, ба вазорат даъват мекунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button