ТОҶИКИСТОН

ДАР ТУРСУНЗОДА КОРХОНАИ ҶАМЪУ ВАСЛИ МОШИНҲОИ ҲАРБӢ БА КОР ДАРОМАД (4 АКС)

ДАР ТУРСУНЗОДА КОРХОНАИ ҶАМЪУ ВАСЛИ МОШИНҲОИ ҲАРБӢ БА КОР ДАРОМАД (4 АКС)

24 майи соли 2023 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва писари калониаш, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Турсунзода корхонаи мошинсозии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сипар гурӯҳ”- ро ба истифода доданд. Бино ба гузориши хадамоти матбуоти президент, корхонаи “Сипар гурӯҳ” дар доираи «Солҳои рушди саноат», 2022 — 2026 ва татбиқи ҳадафҳои «Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» сохта шуда, самти фаъолияти асосии он ҷамъу васлсозии мошинҳои махсуси ҳарбӣ ва гражданист.

Дар бораи соҳибони корхона маълумот дода нашудааст, танҳо гуфта шудааст, ки он “дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд таъсис ёфтааст” ва дар ин корхонаи навбунёд дар марҳилаи аввал бо ворид намудани қисмҳои алоҳида аз хориҷи мамлакат ҷамъу васли 17 намуд нақлиёти махсус ба роҳ монда шудааст, ки оянда ин нишондод бояд афзоиш дода шавад.

Тавре иттилоъ дода шуд, қисмҳои алоҳида барои омода намудани нақлиёти махсуси ҳарбӣ ва гражданӣ асосан аз ширкати «STREIT GROUP» -и Амороти Муттаҳидаи Араб дастрас мегардад.

Иқтидори солонаи корхонаи нави саноатӣ ҷамъу васли 120 нақлиёт буда, оянда ин рақам ҳам бо назардошти талабот метавонад афзоиш дода шавад.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон мегӯяд, мошинҳои омодашаванда дар ин корхона барои таъмини ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудаанд, вале “ҳамчунин оянда содироти он ба кишварҳои хориҷ дар назар аст”.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button