Иқтисод

4,7 МЛН ПУЛИ ДАВЛАТРО АЗ ОНИ ХУД КАРДААНД: ПАРВАНДА БА ЗИДДИ 3 РАҲБАРИ ШИРКАТИ СУҒУРТА

4,7 МЛН ПУЛИ ДАВЛАТРО АЗ ОНИ ХУД КАРДААНД: ПАРВАНДА БА ЗИДДИ 3 РАҲБАРИ ШИРКАТИ СУҒУРТА

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 23 майи соли 2023 хабар дод, ки ба зидди муассиссони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маркази дастгирии суғуртаи мутақобила” шаҳрвандон Ҳамроҳзода Ш., Шамсуллозода Ш., ва Орипов X. бар асоси моддаи 245, қисми 4, банди “б” Кодекси ҷиноятии ҶТ бо иттиҳоми тасарруфи маблағҳои махсусан бузурги ба онҳо боваркардашуда, ки наздики 4,7 миллион сомонӣ ё ҳудуди 430 ҳазор долларро ташкил медиҳад, парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Аз маводи парванда бармеояд, ки сухан дар бораи ширкате меравад, ки зоҳиран барои пулшӯӣ ва тасарруфи маблағҳои буҷетӣ сохта шудааст.

Худи муассисони ширкати суғурта ва наздикону адвокатҳои онҳо барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи нашркардаи маркази матбуоти Додситонии кул, масъулони ҶДММ “Маркази дастгирии суғуртаи мутақобила”, аз ҷумла аз Хадамоти алоқа 785 844 сомонӣ, аз Агентии таъминоти амволи махсус 480 500 сомонӣ, аз МД “Маркази идораи лоиҳаи идоракунии захираҳо” 461 988 сомонӣ, аз Академияи илмҳо 235 643 сомонӣ, аз КВД Обу корези шаҳри Душанбе 216 190 сомонӣ, аз Хадамоти муҳоҷират 194 130 сомонӣ, аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 185 000 сомонӣ, аз Пажуҳишгоҳи давлатии лоиҳакашиву заминсозии ИДЛЗ “Тоҷикзаминсоз” 140 000 сомонӣ, аз Агентии хоҷагии ҷангал 93 450 сомонӣ ҳаққи суғуртавӣ дарёфт карда, ин маблағро аз они худ кардаанд. Ба онҳо барои тасарруфи маблағҳои махсусан бузурги ба онҳо боваркардашуда ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи 1824 то 2700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда = 68 сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 10 то 15 сол таҳдид мекунад.

Дар бораи ин ки оё ин масъулони ҶДММ “Маркази дастгирии суғуртаи мутақобила” чӣ гуна ба чунин осонӣ ба чунин маблағҳои бузурги буҷетӣ даст ёфтаанд? ва оё дар ин ҷо масъалаи забон як кардани онҳо бо бархе масъулони дастонашон нопоки ин корхонаҳои давлатӣ намеравад?, додситонӣ дар иттилоияаш чизе нагуфтааст.Бар асоси маълумоти нашршуда дар сомонаи Бонки миллӣ, ҶДММ “Маркази дастгирии суғуртаи мутақобила” 2 декабри соли 2016 таъсис ёфта, иҷозатномааш дар асоси ҳалномаи додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе аз санаи 9 марти соли 2021 бекор карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button